Open main menu
Лаққамоҳии оддӣ

Лаққамоҳҳиҳо - оилаи моҳиҳо аз гурӯҳи зағорамоҳиҳо. Дарозии танаш то 5 м вазнаш то 300 кг. Баданаш луч (бе пулакча), 2-3 ҷуфт мӯйлаб дорад. Боли шиноварии оқибаш дароз аст. 8 ҷинси лаққамоҳӣ дар обҳои ширини Осиё ва Аврупо паҳн шудааст. Дар собиқ ИҶШС 3 намуд аз 2 ҷинси он вомехӯранд. Дар ҳавзаҳои Осиёи Миёна танҳо лаққамоҳии муқаррарӣ зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон, дар дарёҳои Сир, Зарафшон, поёноби Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Қизилсу, инчунин обанборҳои Фарходу Қайроққум вомехурад. Дарозиаш то 1,7 м, вазнаш то 150 кг, одатан дар шохоб, резишгоҳ ва назди соҳилҳои обанборҳо зиндагӣ мекунад.