Ливерпул, (англ. Liverpool, МФА: [ˈlɪvəpuːl]) - шаҳрест дар графигарии Ланкашири Британияи Кабир, дар назди резишгоҳи д. Мерси. Ливерпул аз ибтидои асри XIII маълум аст.

Намуд ба маркази шаҳр

Ливерпул бумбасти муҳими нақлиётӣ аст. Баъди Лондон дуюмин бандари калони мамлакат. Ба воситаи бандар аз хориҷа хӯрокворӣ, фулузоти ранга, маъдани оҳан, нафт, каучук, пахта ва ғ. ворид гашта, бештар маҳсулоти саноати мошинсозӣ, бофандагӣ, кимиё, нафт ва ғ. содир мешавад. Дар Ливерпул корхонаҳои саноати киштисозӣ, таъмири киштӣ, истеҳсоли мошинҳои киштй, фулузоти ранга, электротехникӣ, резин, химия, коғаз, дӯзандагӣ, полиграфия, автомобилу самолётсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафт ва ғ. мавҷуданд. Донишгоҳ, нигористон дорад. Ёдгориҳои меъмориаш — ратуша (1748—97), толори Сент-Ҷорс-холл (1842—54), бинои банки Англия (184.1—48), калисоҳо ва ғ.

Манобеъ

вироиш
  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. – Душанбе, 1983