Лого (забони барномасозӣ)

Логозабонҳои барномасозие мебошад, ки соли 1967 аз тарафи Сеймур Паперт ба мақсади омӯзонидани асосҳои барномасозӣ ба кӯдакони синни томактабӣ ва талабаҳои синфҳои поёнӣ сохта шудааст. Ин забон муҳитеро таъмин мекунад, ки дар он кӯдакон қобилияти фикрронӣ ва ҳал кардани масъалаҳоро сайқал дода метавонанд.

Дар асл, забони Лого як намуди Лисп мебошад; баъзеҳо варо «Лиспи бе қавс» ҳам мегӯянд. Лого нисбат ба дигар забонҳои барномасозии протседуравии дар таълим истифодашаванда, аз қабили Бейсик ва Фортран пешрафта мебошад. Вале Лого барномаҳои хуби кор бо файлҳоро надорад, аз ин сабаб он ба миқдори кофӣ чун забони барномасозӣ машҳур шуда наметавонад.

Интерпретаторҳои Лого барои системаҳои оператсионии гуногун мавҷуданд: Mac OS, Unix, IBM PC, X Window ва ғ.

Намунаи коди барнома дар Лого

TO HELLO
  PRINT [Hello, World!]
END

Пайвандҳо

вироиш

Нигаред

вироиш