Луки́но Виско́нти ди Модрóне (итол. Luchino Visconti di Modrone; 2 ноябр 1906[1][2][3][…], Милан, Итолиё[4][5]17 март 1976[1][2][3][…], Рум[6]) — коргардони итолиёӣ, яке аз асосгузорони неореализм.

Лукино Висконти
итол. Luchino Visconti
Таърихи таваллуд: 2 ноябр 1906(1906-11-02)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 17 март 1976(1976-03-17)[1][2][3][…] (69 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони театр, коргардони филм, филмноманавис, нависанда, коргардон, муаллиф, scenic designer
Корнома: 19431976
Самт: Italian neorealism[d]
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0899581
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аз авлоди ҳерсогҳои Висконти ди Модрон. Аз соли 1936 ёвари коргардон Ж. Ренуар буд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-45) бо маҷаллаи зиддифашистии «Чинема» (мақолаҳои «Ҷасадҳо», 1941; «Кинои антропоморфӣ», 1943) ҳамкорӣ дошт, дар Ҳаракати Муқовимат ширкат варзид. Аввалин кори коргардониаш филми «Савдоӣ» (1942, аз рӯйи романи Ҷ. Кейн «Хаткашон ҳамеша ду бор занг мезанад») қосиди кинои нави итолиёӣ шуд. Филми эпикии «Замин меларзад» (1948, аз рӯйи романи Ҷ. Верга «Оилаи Малаволя»), ки дар ороишоти табиӣ бо иштироки ҳунарпешагони ғайрикасбӣ ба навор гирифта шудааст, яке аз беҳтарин намунаҳои неореализм мебошад. Лукино Висконти дар филми фоҷиавию мазҳакавии «Зеботар аз ҳама» (1951) таъсири харобиовари низоми тоталитариро ба инсон нишон додааст. Аввалин филми рангаи ӯ «Эҳсос» (1954, аз рӯйи новеллаи К. Бойто) ба «неореализми гулобӣ» муқобил гузошта шудааст. Дар эпопеяи «Рокко ва бародаронаш» (1960, аз рӯйи очерки Ҷ. Тестори) услуби кинои навро бо шакли анъанавию адабии қисса пайваст намуд. Дар филмҳои «Паланг» (1962, аз рӯйи романи ҳамноми Ҷ. Томаза ди Лампедуз) ва «Ситораҳои норавшани Дубби Акбар» (1965) ба таври қатъӣ буҳрони аъёну ашрофро тасвир намуд. Лукино Висконти дар трилогияи олмонии ба ном «Ҳалокати худоён» (1969), «Марг дар Венетсия» (1971, аз рӯйи повести ҳамноми Т. Манн) ва «Людвиг» (1973), ки омезиши адабиёт, театр, мусиқӣ ва киноро намоиш медиҳад, фоҷиаи инсонро дар шароити таърихии ҳаёти Аврупои асрҳои 19-20 ва манбаъҳои пайдоиши фашизмро нишон додааст. Филмҳои «Портети оилавӣ дар дохили хона» (1974) ва «Бегуноҳ» (1976, аз рӯйи романи Г. Д. Аннунсио) васиятномаи насли даврони Лукино Висконти мебошанд. Лукино Висконти ҳаммуаллифи сенарияҳои ҳамаи филмҳояш аст. Бис ёр филмҳояш дар кинофестивалҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳо гардидаанд. Аз соли 1945 коргардони театр буд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
  4. 4.0 4.1 Висконти Лукино // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1971. — Т. 5 : Вешин — Газли. — С. 104.
  5. 5.0 5.1 https://theaterencyclopedie.nl/wiki/index.php?curid=174709
  6. 6.0 6.1 la Repubblica (итол.)Roma: GEDI Gruppo Editoriale, 1976. — ISSN 0390-1076; 2499-0817
  7. LIBRISNational Library of Sweden, 2012.

Адабиёт

вироиш