Лутфуллоҳи Шокир (? — қарни XVII) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Лутфуллоҳ Шокир
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Олими соҳаи фиқҳ, ҳадис, баён, тафсир, фалсафа, нуҷум, мантиқ, наҳв буд. Дар давраи Субҳонқулихон (ҳукм. 1680—1702) Шокир дар дарбор буд. Баъдтар онро тарк кард ва ба кори тадрис ва таълифи асарҳои илмию бадеӣ машғул шуд. Шокир устоди муаммо ва яке аз муфассирони «Шабистони нукот ва гулистони луғот»-и Фаттоҳии Нишопурӣ буд[1].

Малеҳои Самарқандӣ ба Шокир девони ғазалиёт, девони қасоид, маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хусрав ва Ширин» ва рисолаеро доир ба нуҷум нисбат додааст. Шокир инчунин «Ахлоқи-ҷалолӣ»-ро ба назм даровардааст. Ғазалҳо, қасоид ва қитъаҳову абёти парокандаи Шокир дар «Музаккиру-л-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ, радоифулашъорҳо ва баёзҳои асри19 «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Айнӣ ва ғайра ба назар мерасанд.

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод карда, бо тахаллуси «Шокир» шеър гуфтааст. Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ӯро ба некӣ ёд карда, намунаи ашъорашро овардааст.

Намунае аз эҷодиёти ӯ[2]:

Кардам ба дил аз он хати пурпечутоб баҳс,
Оре, кунанд халқ зи рӯи китоб баҳс.
Таслим чун шудам ба ту, манъам чи
мекуни? Эй маҳ, бувад мукобира баъд аз ҷавоб баҳс!..
Манъаш макун зи шӯхнигоҳӣ, ки гоҳи дарс
Бас мушкил аст бо бути ҳозирҷавоб баҳс.
Шокир зи шарм кард ба ту арзи шубҳае
Чун тифли навсабақ, ки кунад аз ҳиҷоб баҳс.

  1. Шокир // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
  2. Лутфуллоҳ / У. Назиров // Калим — Работ. — Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). — ISBN 5-89870-001-3.

Адабиёт

вироиш
  • Мирзоев А. Сайидо и его место в истории таджикской титературы, Сталинабад, 1954;
  • Алиев Г. Ю. Темы и сюжеты Низами в литературах народов Востока, М., 1985.