Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ

Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ — масҷид ва ёдгории маъмориест бозмонда аз асрҳои XV—XVI воқеъ дар деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ.

Масҷид
Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ
Сабки меъморӣ Меъмории исломӣ
Масҷиди ҷомеъи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ

Бинои асосӣ дар шафати марқади Мавлоно Яъқуби Чархӣ воқеъ аст.

Таърих вироиш

Мувофиқи маълумот пас аз 50 соли фавти ӯ дар аҳди Шайбониён мақбара ва ҳамин масҷид бино ёфтааст. Масҷид бо мурури замон харобу борҳо таъмир гардида, дохили он то имрӯз шакли аслии худро нигоҳ доштааст. Толори масҷид аз шимол ба ҷануб (20х8м) тӯл кашида, ба се қисм ҷудо шудааст: қисми марказӣ дар девори ғарбӣ меҳроби чуқур ва ҳуҷраҳои бағалии ду тарафи ҳар қисм гумбазҳо доранд. Меҳроби чуқур ба танаи девор чунон ҷойгир шудааст, ки ҳатто аз берун барҷастагии панҷқираи он намудор мешавад. Меҳроб гунбазчаи алоҳидаи хосе дорад. Дар намои асосӣ (тарафи шарқ) айвони серсутун сохта шудааст. Дар охири асри XIX ва ибттидои асри XX сутунҳои пештараро ба сутунҳои нав иваз кардаанд. Дар маркази намои шарқӣ меҳроби беруна ҷойгир аст. Бинои умумии масҷид дар болои пойдевори баланди хиштин сохта шудааст. Дар болои даромадгоҳ даричаҳо сохтаанд. Ҷузъҳои намо мутаносиб буда, беруни биноро муҳташам нишон медиҳанд. Масҷид аз беҳтарин намунаҳои санъати меъмории маҳаллист.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015. — С. 559—560

Адабиёт вироиш

  • Муқимов Р., Мамаджанова. Энсиклопедия памятников. — Душанбе, 1981

Эзоҳ вироиш