Мадрасаи Куҳна — ёдгории меъмории асри XVIII ва аввали асри XIX дар ноҳияи Ҳисор. Дар самти ҷануби Қалъаи Ҳисор аз хишти пухта бино ёфтааст. Ҳавлии васеъ ва чоркунҷаи онро ҳуҷраҳои қатор иҳота кардаанд. Ҳуҷраҳо бо гунбазҳои «балхӣ» пӯшида шудаанд. Даромадгоҳи онҳо оддӣ ва тоқшакланд. Дар се кунҷи ҳавлӣ равоқтоқҳои панҷқира бино ёфтаанд; ҳар кадоми онҳо раҳраве доранд, ки ба се хонаи асосии ёдгорӣ мебаранд.

Ёдмон
Мадрасаи Куҳна

Намои иморат пештоқ ва дар ду паҳлуяш зина дорад. Ба воситаи ин зинаҳо ба бом мебаромаданд. Дар бандубасти намои мадраса ба меъмории анъанавӣ риоя карда нашудааст; пештоқи калонаш ба девори атроф номувофиқ афтода, гулдастаҳои ҳар ду гӯшаи Мадраса бе нақшунигор аст. Қаноти рости иморатро масҷиди пешайвондор ва қаноти чапашро чор хонаи андозаашон гуногун ишғол кардаанд. Ин мадраса дарсхона надорад ва ороиш дода нашудааст. Мадрасаи Куҳна дар муҳофизати давлат мебошад.

Осорхона

вироиш

Дар дохили бинои Мадрасаи Куҳна Осорхонаи рӯзгори халқи тоҷик амал карда истодааст, ки аз 13 ҳуҷраи намоишӣ иборат аст. Дар мамнуъгоҳ инчунин шуъбаи фондҳо фаъолият карда истодааст, ки вазифааш ҷустуҷӯ ва дарёфти нигораҳои таърихӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ буд. Дар экспедитсияҳои илмӣ (1981—1989), зиёда аз 18 ҳазору 387 экспонат ҷамъоварӣ карда шуда буд, ки аз ин ҳисоб осорхона фаъолият карда истодааст.

Адабиёт

вироиш
  • Мадрасаи Кӯҳна / А. Мирбобоев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).