Мадрасаи Улуғбек (Бухоро)

Мадрасаи Улуғбек — ёдгории меъмории садаи XV дар Бухоро. Соли 1417 бо фармони Улуғбек сохта шудааст. Меъмор — Исмоил ибни Тоҳир ибн Маҳмуди Исфаҳонӣ. Бо вуҷуди нисбат ба мадрасаи Улуғбеки Самарқанд ҳаҷман хурд ва аз ҷиҳати бандубаст соддатар буданаш, компотсизияи дакику мукаммал дорад. Кошикориву хотамкориҳояш ҳам хоксорона, вале хеле дилкашу назаррабост. Намуди берунаи ёдгориро пештоқи мӯҳташаму мунаққаш ва гулдастаҳо оро додаанд. Дар ду паҳлӯи пештоқ ҳуҷраҳои дуқабатаи пешайвондор ҷой гирифтаанд, ки кошикорӣ шуда, бо нақшҳои хандасӣ оро ёфтаанд. Дар қафои ду кунҷи бино биноҳои дарсхона ва масҷид чой гирифтаанд. Дар болои гушаҳои асоси чоркунҷаи дарсхона нимгумбазҳо сохта шудаанд, ки дар натиҷа девор шакли хашттаркро гирифтааст ва он навоварии меъморони нимаи аввали садаи XV мебошад. Дар се тарафи дигари ҳавлӣ қатори ҳуҷраҳои дуқабата ва ду айвони боҳашамат ҳастанд. Рӯи ин биноҳо низ мунаққаш буда, бо кошиҳои ранга рӯкаш шудааст. Аксар ҷой нақшҳо хароб гаштаанд. Ҳангоми таъмири баъдина қисмҳои вайронгаштаи ороишоти пештара бо кошинҳои пастсифат рӯкаш шудаанд. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Парчами ЮНЕСКО Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 602
рус.ингл.фр.
Мадрасаи Улуғбек дар Бухоро


Сарчашма

вироиш