Open main menu

Мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад

(Тағйири масир аз Мадрасаи Хоҷа Машҳад)

Мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад ва ё Мақбараи дугона дар деҳаи Сайёд, Ноҳияи Шаҳритус ҷой гирифтааст. Мадраса ва мақбара яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад. Мақбараи Хоҷа Машҳад ҳамчун номзад ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.

СанагузорӣВироиш

Мадрасаи Хоҷа Машҳад қарнҳои XI-XII ба мақбара ҳамроҳ карда шудааст. Соли 2000 тармим гардидааст.

ҲафриётВироиш

Мадраса аз ду бинои мураббаъ иборат мебошад, ки равоқи даромадгоҳашон ба долони гунбазӣ, ки онҳоро ба ҳам мепайвандад, нигаронида шудаанд. Сақфи биноҳо гунбазӣ буда, дар қисми болоии онҳо равзанаҳо ҷой гирифтаанд. Девори биноҳо шакли чоркунҷа дошта, дар қисми болоии онҳо ба равоқҳои ҳашткунҷа табдил меёбанду гунбази нимдоираи конусшакл сақфи онҳоро мепӯшонад. Асрҳои XI-XII гаҷкорй шудааст. Нақшунигори рӯи иморат ҳам дар ҳамин давр анҷом ёфтааст. Дар ду гушаи ин биноҳо гулдастаҳои начандон калон сохтаанд. Дар тарафи муқобил (шимолй) низ ду бинои гунбаздори на он қадар калон (аз хишти хом ва похса) пушида шуд, ки мисли бинои кисми чап ва асосии ансамбл буд. Даромадгоҳи он низ пештоқ дошт. Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи қадимтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихй дорад ва яке аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад. Мадраса ҳамчун ёдгории меъморӣ дар муҳофнзати давлат аст.[1]

АдабиётВироиш

  • Муқимов Р., Мамаджанова С. Энсиклопедия памятников.- Душанбе, 1981
  • Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон. - Душанбе, 2011

ПайнавиштҳоВироиш

  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 349-350