Мазори домулло Ҷӯрақул

Мазори домулло Ҷӯрақул - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Дар қисми шарқии деҳаи Гачак, Ҷамоати Деҳқонобод дар болои ду теппаи баланди баҳампайваста дафнгоҳи калоне вуҷуд дорад, ки дар он ҷо садҳо мардони бомаърифат дафн гардидаанд. Яке аз онҳо донишманди дини мубини ислом домулло Ҷӯрақул мебошад, ки дар байни мардуми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур буда, обрӯю эътибори хосе дошт. Мадрасаи Бухорои Шарифро хатм кардааст. Ҷӯрақул соли 1952 вафот мекунад. Мазораш зиёратгоҳи ихлосмандон аст..[1]

Адабиёт вироиш

  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258