Деҳоти Деҳқонобод

(Тағйири масир аз Ҷамоати Деҳқонобод)

Ҷамоати Деҳқонобод — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.

Маҳалли аҳолинишин
Деҳоти Деҳқонобод
Парчам
Парчам
40°43′49″ с. ш. 70°09′25″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Вилоят Вилояти
Ноҳия Ноҳияи
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Деҳоти Деҳқонобод дар харитаи
Деҳоти Деҳқонобод
Деҳоти Деҳқонобод

Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод — соли 1965 бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоыикистон аз ҳисоби ҳудуди маъмурии ҷамоатҳои Ҳисор, Хонақоҳ ва Қарамқул ташкил дода шудааст. То соли 1986 ба ҳудуди Ҷамоати Деҳқнобод 16 деҳа шомил буд. Соли 1986 баҳри васеъ кардани ҳудуди маъмурии посёлкаи т. ш.Ҳисор деҳаҳои Белайдуз, Правда Востока, Пахтаобод ба ҳудуди шаҳри Ҳисор, деҳаи Гулмайдон ба ҳудуди маъмурии деҳоти Ҳисор ҳамроҳ карда шуданд. Дар айни замон ба ҳудуди маъмурии Ҷамоат деҳаҳои зерин дохил мешаванд: Аминиён (Бесимас), Бағалак, Гачак, Деҳқонобод, Лангар, Латтабанд, Муъминобод (Қулмунда), Содиқӣ, Хоҷамӯсо, Чилчинор (Булоқчинор), Шодмон (Роҳи Ленин). Ҷамоат 2880 хоҷагӣ ва 20533 нафар аҳолӣ дорад. Дар ҳудуди Ҷамоат 1 хоҷагии ҷамоавии Кооперативи истеҳсолии Латиф Муродов фаъолият дорад, ки ба тухмипарварӣ ва зотпарварӣ машғул мебошад, дар фермаи чорводорияш шир ва гӯшт истеҳсол мекунад. Хоҷагӣ соли 1951 аз ҳисоби муттаҳид кардани хоҷагиҳои хурд ташкил ёфт, ки номи Сталинро дошт, соли 1965 номи «Съезди XXII партия»-ро гирифт. Хоҷагӣ дорои 1127 га замини корами обӣ ва 481 га замини лалмӣ мебошад.[1]

Деҳаҳои ҷамоат

вироиш
Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2015)
Деҳқонобод
Бағалак
Гачак
Аминиён
Лангар
Латтабанд
Муъминобод
Содиқӣ
Хоҷамӯсо
Чилчинор
Шодмон

Адабиёт

вироиш
  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 555—556