Майдони «Дӯстӣ»
Майдони «Дӯстӣ» — майдони марказии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми марказии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шудааст.
Таърихи таъсис | 1961 |
---|---|
Кишвар | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷойгоҳ
вироишМайдони «Дӯстӣ» (собиқ майдони ба номи Ленин ва «Озодӣ»), дар қисми марказии ноҳияи маъмурии Исмолили Сомонии ш. Душанбе, дар соҳили чапи дарёи Душанбе воқеъ аст. Майдони марказии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашта якчанд маротиба намуди зоҳирии худро иваз намудааст. Аз рӯи нақшаи генералии шаҳри Душанбе солҳои 1966 ва 1983 (меъморон: В. Бугаев, И. Головина, Ф. Сайфиддинов, О. Васильева, Н. Улянова, муҳандис А. Соин) майдон бо (эспланадаи) минтақаи сабз оро дода шуда буд, ки ба дарёи Душанбе бояд мепайваст[1].
Таърих
вироишМайдони марказии Душанбе, ки 30 сол (1961—1991) номи В. И. Ленинро дошт, дар солҳои 1930-ӯм ба бунёдшавӣ оғоз карда буд. Аввалин биное ки назди майдон сохта шуд, ин бинои 2-ошёнаи Почтаи марказӣ, сипас дар солҳои 1940—1946 бинои 3-ошёнаи Қасри ҳукумат («Хонаи ҳукумат») сохта шуд. Соли 1949 дар қисми ҷанубии майдон рамзи ҷумҳурӣ — сайера-колонна бо нишони ҶШС Тоҷикистон (арх. С. Л. Анисимов, ҳайкалтарош Б. А. Татаринова) ва дар соли 1961 дар самти ғарбии майдон, муҷассамаи В. И. Ленин бо минбари ҳукуматӣ (ҳайкалтарошон Т. Р. Полякова, А. С. Рыбин) сохта шуд. Ҳамин, тавр ташаккули майдони Ленин анҷом меёбад. Мувофиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе (меъморон: В. Бугаев, И. Головина, Ф. Сайфиддинов, О. Васильева, Н. Ульянова, муҳандис А. Соин) майдон бо (эспланадаи) минтақаи сабз оро дода шуда буд, ки ба дарёи Душанбе бояд мепайваст. Баъди ба даст овардани истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1991) дар ҷои муҷассамаи В. И. Ленин аввал муҷассамаи шоири бузурги Шарқ Фирдавсӣ (ҳайкалтарош С. У. Қурбонов, арх. Б. Абдурахманов) гузошта шуд ва майдон номи «Озодӣ»-ро гирифт.
Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
вироишДар соли 1999 дар ин ҷо муҷтамаи ёдгории меъморӣ ва муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) — Исмоили Сомонӣ (баландии муҷассама — 13 м.) сохта шуд. Майдон соҳиби номи «Дӯстӣ» гардид. Арки бузург аз сталактит, дар болои он тоҷи тилоӣ (диаметраш 5 метр) муҷтамаи бошукуҳеро оро медиҳад. Баландии иншоот аз сатҳи майдон 43 метр аст. Дар дохили он осорхона ва нусхаи мақбараи Сомониён (аасри IX—X дар ш. Бухоро) низ сохта шудааст. Аз ду ҷониби муҷассамаи Исмоили Сомонӣ тасвири шерҳои биринҷӣ, рамзи устувории давлат ва кафили сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар гузошта шудаанд.
Ансамбли монументалии дар майдони «Дӯстӣ» бунёдгардида, ба муносибати таҷлили 1100 — солагии Давлати Сомониён, номи «Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон»-ро гирифтааст.
-
Майдони Дӯстӣ дар рӯзҳои иди Наврӯз, соли 2018
-
Гузоштани гулдон аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, 29 августи соли 2008
-
Майдони Дӯстӣ дар рӯзҳои иди Наврӯз, соли 2018
-
Майдони Дӯстӣ дар рӯзҳои иди 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли 2021
Эзоҳ
вироиш- ↑ Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе. 11 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 июли 2013.
Адабиёт
вироиш- Салия Мамаджанова, Рустам Муқимов. Меъморӣ ва шаҳрсозӣ. Душанбе (таърих, назария ва амалия). — Душанбе, 2008. — C. 286—287.