Майонез
МАЙОНЕЗ- аз калимаи фаронсавии (mayonnais). Аз равғани рустании софкардашудаи моеъ, зарони тухм, шири хушк ва дигар иловахое, кн ба майонез таъму буи махсус мебахшанд хардал, сирко, намак, шакар, адвиёт тайёр карда мешавад. Майонезро ҳамчун соус барои яхниҳои гуногун (сабзавот, моҳӣ, гӯшт) истифода мебаранд. Дар шароити хона майонезро барои пухтани таомҳои гарми якум. Бифштекс ва ғайра истифода мебаранд. Майонез иштаиоовар буда, таъми таомро беҳтар менамояд ва барон хубтар ҳазм шудани он ёрӣ мерасонад. Саноат навъҳои зиёди майонез истеҳсол мекунад. Мухимтарини онҳо — майонезҳои хурокӣ ва тунд. Майонезҳои хурокӣ — «Провансал» ва «Молочный». Дар таркиби онҳо 67% равған ва 25% об ҳаст. Ин майонезҳо таъми гуворои андаке тунд ва турш, бӯй ва мазаи хардалу сиркоро доранд. Майонези «Любительский» аз 47% равған ва 45—45,5% об иборат аст. Ба баъзе майонезҳои адвиётдор (барои бӯю таъми махсус пайдо карданашон) хар хел иловахо, аз ҷумла ба майонези «Весна» равгани шибиту эфир, ба майонези "С перцем" мурч-и куфта ва чавхари мурч ба «Ароматный» чавхари чаъфарь, шибит ва карафс, ба «Кавказский» мурчу каламфур ва г. меандозанд, Ба майонезҳои тунд «Огонёк» (ки пастаи помидор, каламфури сурх, тунд ва ширин дорад), «Южный» (ки ба он соуси «Южный» ҳамроҳ мекупанд), инчунин майонези «Праздничный» мансубанд, ки таъми тезу тунд ва буи хуш дошта, ба он мурч каламфур, сир, кашннч, чормагз ва г. меандозаид. Майонез бо об ва баъзе маҳсулоти шири зуд омехта мешавад. Барои камравган шудани майонез ҳангоми омехтакунй ба он оби ЧУШ. шир ё каймок, андохтан мумкин аст. Агар ба майонез сирко ҳамроҳ карда шавад (ба 200 г 1—2 қошуқ), он торафт турштар мешавад. Барои майонезе, ки ба яхниҳои мохй ва гушт ҳамроҳ карда мешавад, му-вофици табъ 1—2 қошуқ кахзаки суда андохтан мумкин аст. Майонез дар банкаҳои шишагини 200—500-грамма, ки бо сарпушҳои тунукагии хавопогузар маҳкам карда шудаапд, дар халтачаҳои махсуси шаффофи полимерии 100-грамма, лулачаҳои алюминии аз 50 то 250-грамма бароварда мешавад. Майопезҳои «Столовый», «Провансаль»-ро дар харорати аз 3 то 7"С ба муддати 30 рӯз, дар харорати 7—14°С то 20 рӯз ва дар харорати 14—18"С то 10 рӯз нигоҳ доштан мумкин аст. Муҳлати нигоҳдории майонезҳои «Молочный» ва «Любительский» ва дигар майонезхое, ки дар таркибашон тундй доранд, ду баробар кӯтоҳтар лет. Майопези сарпуши банкааш мустахкам дергоҳ вайрон намешавад. Нишонаи аввалини вайроншавии ҳама и навъҳои майонез ҳамин аст, ни дар қисми болоии банка кабати тираи равган ҳосил мешавад.