Маликасрор Замонов
Маликасрор Замонович Замонов (тав. 12.02.1954, н.Мастчоҳ) — олими риёзиёт, номзади илмҳои физика математика (1986), дотсент (1995). Узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004)
Маликасрор Замонович Замонов | |
| |
Таърихи таваллуд | 12 феврал 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Мастчоҳ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт, информатика |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) ба номи М. Ломоносов |
Зиндагинома
вироишМаликасрор Замонов маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи № 4-и ноҳияи Мастчоҳ гирифта, баъди хатми мактаби миёна соли 1971 ба факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) ба номи М. Ломоносов дохилшуда, соли 1976 онро бомуваффақият хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ ба Пажуҳишгоҳи риёзиёти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқиқоти илмӣ ба шуъбаи мубодилаҳои дифферентсиалӣ ва таҳлил дар соҳаи назарияи спектралии операторҳо ба кор машғул шуд. Аз соли 1978 то соли 1980 таҳқиқоти илмиро дар Донишгоҳи давлатии Москва давом дода, ба аспирантура дохил шуд. Дар мавзуи «Операторҳои якченакии охирсоҳа ва беохирсоҳаи Дирак» рисолаи илмӣ дифоъ намуд. Дар пажӯҳишгоҳи номбурда аз соли 1976 то соли 2008 дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими калонӣ илмӣ, мудири шуъба ва ноиби директор оид ба илм фаъолият намудааст. Дар солҳои 2004 – 2008 мудирии кафедраи фанҳои амалӣ-табиии Донишгоҳи муосири Тоҷикистону Русияро низ ба уҳда дошт. Аз сентябри соли 2008 дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба сифати омӯзгори калон фаъолити илмию омӯзгори оғоз намуд, дар солҳои 2015 – 2017 вазифаи мудири кафедраи “Иттилоот ва системаҳои иттилоотӣ» ин донишгоҳро иҷро мекард. Аз соли 2006 узви вобастаи “Академияи Байналхалқии илмҳои иттилоот, раванд ва технологияҳои иттилоотӣ» мебошад. Ҳоло дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ҳайси дотсент ва дар факултети ТИК- и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба сифати ҳамкор ифои вазифа дорад.[1]
Нигаред низ
вироиш- Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016.