Малик Гиёев
Малик Гиёев (20 сентябри 1920, ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон — 20 сентябри 1993, деҳаи Малик Гиёев, ноҳияи Бохтар) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1947).
Таърихи таваллуд | 20 сентябр 1920 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 20 сентябр 1993 |
Маҳалли даргузашт | деҳаи Малик Гиёев, ноҳияи Бохтар |
Пеша | пахтакор |
Ҷоизаҳо |
Корнома
вироишСолҳои 1934-50 колхозчӣ, муҳосиб, котиби идораи колхоз, мудири анбор, сардори звено, агротехники к-зи «Политотдел», 1950—1953 шунавандаи Мактаби кадрҳои колхозӣ, 1953—1960 агроном, ҷонишини раиси колхоз, агроном-энтомолог, мудири қитъаи кишоварзии к-зи ба номи В. И. Ленин, 1960—1964 агроном, сардори бригадаи сабзавоткории к-зи ба номи К. Маркс, 1965—1971 агрономи Стансияи таҷрибавӣ, 1971—1979 раиси шаҳраки Бӯстонқалъа, директори хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Қӯрғонтеппа буд. Аз соли 1980 нафақагири шахсӣ.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Некдошт
вироишСобиқ деҳаи Политотдели ноҳияи Кӯшониён номи Малик Гиёевро дорад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гиёев Малик // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.