Мамадёқуб Мамадюсуфов
Файз Ҷорубов (11 феврали 1915, деҳаи Ёмҷ, ноҳияи Шуғнон, ВАКБ — 1991, ҳамон ҷо) — овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1972).
Таърихи таваллуд | 11 феврал 1915 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Ёмҷ, ноҳияи Шуғнон, ВАКБ |
Таърихи даргузашт | 1991 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Шуғнон |
Пеша(ҳо) | овозхон, навозанда, оҳангсоз |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1972) |
Зиндагинома
вироишАз ҳафтсолагӣӣ дар маъакаҳои мардумӣ ба сифати сароянда ҳунар меозмуд, дертар узви фаъоли дастаи ҳаваскори санъати ноҳия гардид. Баробари таъсиси Театри мусиқӣ — мазҳакаи шаҳри Хоруғ (1936) чанде дар ин ҷо чун мутриб ва сароянда кор кард. Солҳои 1938—1975 (нафақа) мудири клубҳои ноҳияи Шуғнон кор кардааст. Аз иҷрокунандагони хуби таронаҳои халқии Бадахшон ба шумор мерафт, ба аксар сурудҳо худ оҳанг бастааст. «Фарёд», «Қурбонат шавам», «Гули лола», «Наврӯзӣ», «Ёр-ёр», «Шоҳ омад», «Нола кунам», «Нозанин» аз ҷумлаи беҳтарин таронаҳояш мебошанд. Оҳангсоз Игор Рогалский мусиқии спектакли «Қишлоқи тилоӣ»-ро дар асоси навоҳои ӯ офаридааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.