Мамлакат Раҳматова

Мамлакат Саидумаровна Раҳматова (тав. 6.09.1967, шаҳри Хуҷанд), омӯзгор, номзади илмҳои таърих, дотсент

Мамлакат Раҳматова
Мамлакат Саидумаровна Раҳматова
Таърихи таваллуд 6 сентябр 1967(1967-09-06) (57 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Зиндагинома

вироиш

Соли 1989 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров-ро хатм кардааст. Ихтисос Омӯзгори таърих ва ҷомеашинос

  • Солҳои 1989 -1991 Омӯзгори мактаби миёнаи №21 шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 1991-1993 Омӯзгори мактаби миёнаи №11 шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 1993-1996 Омӯзгори мактаби миёнаи №7 шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 1996-1999 Омӯзгори кафедраи Фалсафаи маданияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 1999-2002 Омӯзгори кафедраи Археология ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 2002-2015 Муаллимаи калон, дотсенти кафедраи Таърихи Ватани ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 2014-2015 Иҷрокунандаи мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • аз 2015 то ҳоло Дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров [1]

Пайвандҳо

вироиш

Кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ. Раҳматова Мамлакат Саидумаровна