Марвон Кензорӣ (ҳол. Marwan Kenzari; зод. 16 январ 1983 , Гаага, Ҳоланд) — ҳунарпешаи туниситабори ҳоландӣ. Барандаи ҷоизаи «Гусолаи тилоӣ»[en] дар соли 2013 дар бахши беҳтарин бозигар.

Марвон Кензорӣ
ҳол. Marwan Kenzari
Таърихи таваллуд: 16 январ 1983(1983-01-16)[1] (41 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, иҷрокунанда, ҳунарпешаи телевизиюн, ҳунарпешаи синамо
Корнома: 2009 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 3092471
marwankenzari.nl/indexe.…
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Кензорӣ дар Гаага дар хонаводаи тунисӣ ба дунё омадааст. Аз соли 2008, ӯ дар Ҳоланд дар филмҳо ва телевизиюн кор мекунад. Соли 2009 Академияи театрии Маастрихтро хатм кардааст[2] .

Дар соли 2013 ӯ ҷоизаи «Гусолаи тилоӣ»-ро барои нақши дар филми Гург[3] ва дар соли 2014 ҷоизаи «Ситораи навзуҳур»-ро дар ҷашнвораи филми Берлин ба даст овард[4].

Дар соли 2016, ӯ дар чанд филми инглисӣ, аз ҷумла «Бен-Ҳур» нақш бозидааст. Дар соли 2018, ӯ дар филми саргузаштии «Фаришта» дар бораи ҷосуси исроилӣ Ашраф Марвон[5] нақши аслиро бозид. Кензорӣ дар соли 2019 нақши Ҷаъфарро дар филми «Аллоуддин»[6] бозидааст.

Филмшиносӣ

вироиш
Сол Номи тоҷикӣ Номи аслӣ Нақш
2013 ф Гург Wolf
2016 ф Тасодум Collide Моттиос
2016 ф Қавл The Promise Эмре Угон
2016 ф Бен-Ҳур Ben-Hur Друз
2017 ф Мӯмиёӣ The Mummy Малик
2017 ф Бар сари душанбе сӣ омад? What Happened to Monday Эдриан Ноулз
2017 ф Қатл дар «Қатори сареъуссайри шарқ» Murder on the Orient Express Пиер Мишел
2018 ф Фаришта The Angel Ашраф Марвон
2019 ф Алоуддин Aladdin Ҷаъфар
2020 ф Нигаҳбонӣ аз дербоз The Old Guard Ҷу