Марри Гелл-Ман
Ма́рри (Мюрре́й) Гелл-Ма́н (Гелман, англ. Murray Gell-Mann; 15 сентябри 1929, Ню-Йорк, ИМА — 24 майи 2019, Санта-Фе, иёлати Ню-Мексико, ИМА[8][9]) — физикдони амрикоӣ, узви Академияи миллии илмҳои ИМА (1960).
англ. Murray Gell-Mann | |
Таърихи таваллуд | 15 сентябр 1929[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 24 май 2019[4][5][2][…] (89 сол) |
Маҳалли даргузашт |
|
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики заррот[d][7] ва физик[7] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Victor Weisskopf[d] |
Шогирдон | Кеннет Вилсон ва Sidney Coleman[d] |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | tuvalu.santafe.edu/~mgm |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зандагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Йел (соли 1948) ва Институти Массачусетс (1951). Солҳои 1952-54 дар донишгоҳҳои Чикаго ва аз соли 1954 дар Институти технологии Калифорния таҳсил кардааст. Аз соли 1956 профессор Институти техникии Калифорния. Ҳоло Марри Гелл-Ман (2015) профессор фахрии физикаи назариявӣ дар Донишгоҳи Калтех (Калифорния), ҳамзамон профессор факултаи физикаи назариявӣ ва астрономияи Донишгоҳи Ню-Мексико дар Албукерке мебошад. Корҳои таҳқиқотии Марри Гелл-Ман, асосан, ба назарияи квантии майдон, физикаи ҳаста, физикаи зарраҳои бунёдӣ (мутаносибии таъсири мутақобилаи заиф ва пуриқтидор, таносубҳои дисперсионӣ) бахшида шудаанд. Марри Гелл-Ман дар синни 23-солагӣ дар соҳаи физикаи зарраҳои бунёдӣ инқилобе кард. Ӯ дар бораи аҷобату малоҳати зарраҳои бунёдӣ нахустин бор мақолаашро нашр кард. Ҳамчунин қонуни бақои нигаҳдории аҷобат (новобаста ба К. Нишиҷима) (формулаи Гелл-Манн-Нишиҷима) ва формализми изоспинро исбот намуд.
Дар доираи назарияи таснифотии худ зарраҳои нав: сигма-сифр-ҳиперон ва кси-сифр-ҳиперонро пешгӯӣ кард. Соли 1953 якҷо бо М. Голдбергер мафҳуми назарияи зоҳирии пароканиш ва усули таносубҳои дисперсионӣ ва назарияи квантии майдонро пешниҳод кард. Марри Гелл-Ман якҷо бо Р. Фейман (новобаста ба Р. Маршак ва Э. Сударшан) назарияи таъсироти мутақобилаи сустро таҳия карда буд (1958). Марри Гелл-Ман зарраи нави бунёдӣ — омега-минус-ҳиперон ва хосиятҳои онро пешгӯӣ намуда, усули алгебравии ҷараёнҳоро пешниҳод кард (1962), муаллифи фарзияи кваркҳо буд. Новобаста ба дигарон фарзияи глюонҳоро пешниҳод намуд (1973). Марри Гелл-Ман барои кашфиётҳои вобаста ба таснифоти зарраҳои бунёдӣ ва таъсироти мутақобилаи онҳо сазовори ҷоизаи Нобел гардид (1969). Бо мукофоти Хейнеман, медалҳои Э. Лоуренс (1966), Б. Франклин (1967) ва ғ. сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Гелл-Ман Марри // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 Музей Соломона Гуггенхайма — 1937.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ твит — 2006.
- ↑ Murray Gell-Mann, Who Peered at Particles and Saw the Universe, Dies at 89 — 2019.
- ↑ https://www.nytimes.com/2019/05/24/obituaries/murray-gell-mann-died-.html
- ↑ 7.0 7.1 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Murray Gell-Mann, Who Peered at Particles and Saw the Universe, Dies at 89(англ.).
- ↑ Гелл-Манн Марри (Мюрей). РАН. 16 июни 2017 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Лауреаты Нобелевской премии. М., 1992;
- Всемирный биографический энциклопедический словарь. М., 1998.
Сарчашма
вироиш- Гелл-Манн Марри // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.