Марямбонуи Фарғонӣ

Марямбонуи Фарғонӣ (Марям Эшонҷонова; 11 ноябри 1956, деҳаи Ровони ноҳияи Сӯх, вилояти Фарғона) — рӯзноманигор, нависанда, шоир. Узви Иттиҳоди журналистон (1992) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996).

Марямбонуи Фарғонӣ
Марям Эшонҷонова
Таърихи таваллуд: 11 ноябр 1956(1956-11-11) (68 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Сӯх вилояти Фарғона, ҶШС Ӯзбекистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, шоир, рӯзноманигор
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи адабии байналмиллалии ба номи Борис Пастернак, (Москва, 1995), Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Нишони сухан», (2006), Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, (2013)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи мактаби рақами 11(ҳоло рақами 1)-и ноҳияи Сӯх, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ (1973—1977). Фаъолияти кориаш аз мактаби деҳа шурӯъ шудааст. Солҳои 1977—1984 омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷикӣ мактаби деҳа будааст. Охирҳои соли 1984 ба Душанбе омада, то ноябри соли 1989 методисти калони Маркази методии Вазорати маорифи Тоҷикистон фаъолият доштааст. Дар нашрияҳои «Паёми Душанбе», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаҳои «Истиқбол», «Фирӯза» ва радиои Ҷумҳурии исломии Эрон «Садои Хуросон» ва ҳафтаномаи «Омӯзгор» кор кардааст. Айни замон ба кори эҷодӣ машғул мебошад. Аз даврони мактабхонӣ (солҳои 1970) ба адабиёту таълифоти адабӣ майлу шавқ зоҳир кардааст ва нигоштаҳояш нахуст дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳаёти нав» (ҳоло «Садои Сӯх»), баъдан дар рӯзномаю маҷаллаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик»), «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), «Адабиёт ва санъат», «Машъал», «Хорпуштак», «Садои Шарқ» чоп шудаанд.

Дар жанрҳои гуногуни шеър – ғазал, ғазал-маснавӣ, дубайтӣ, рубоӣ, чорпора, мухаммас табъ озмудааст. Тарғиби фарҳангу таърихи ибратомӯзи тоҷикон, таҳкими ҳувийяти миллӣ, тасвири латофату фатонати гӯшаҳои сарсабзи Тоҷикистон, садоқат ва маҳаббати инсонӣ ва бозтоби ҳаёти содаву пурфайзи деҳотиён аз дарунмояи аслии ашъри Марямбону мебошад (маҷмуаҳои «Исои ман шав», 2006, «Нури ахтарпораҳо», 2011, «Табъи гуҳаррез», 2016).

Фаъолияти адабиву рӯзноманигорӣ

вироиш

Муҳимтарин осори насриаш маҷмуаҳои «Афсонаи тамаддун» (1995, як қиссаи бачагона ва чанд ҳикоя), «Ҳадиси Риштон»(2000; қаиссаи таърихӣ аз ҳунари кулолию кошикорӣ дар Риштон ва ҳикояҳо), «Хуморшикан» (2004;  як эсе ва чанд ҳикоя), «Чаҳор қисса» (2006), «Шаҳболи хаёл» (2011) мебошанд. Дар романи «Таманно» (2014) ба мавзуъи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1990) таваҷҷуҳ кардааст. Қаҳрамони ин асар, Таманно, ки бонуи таҳсилкарда ва орзуманди хушбахтии мардуми диёри худ аст, дар ниҳояти изтиробу парешонии ботинӣ аз бадбахтиҳои нохостаи ҷанги бародаркуши кишвар худро тасаллӣ медиҳад, ки гӯиё барояш ин ҳама хобу хаёланд ва бояд аз ин кобуси ҷонфарсо ҳар чи зудтар бедор шаваду раҳо ёбад. Соли 2020 баргузидаи осори насрии Марямбону бо номи «Ман чунин девонаам» дар Теҳрон чоп шуд.

Очерк ва нақди адабӣ дар осори публитсистии Марямбону мавқеи аслӣ дорад. Дар мақолаҳояш ҷузъиётҳои муҳиммеро аз рӯзгори як зумра адибон, донишмандон ва фарҳангиёни тоҷик, ба монанди Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова, Малика Қаландарова, Гурминҷ Завқибеков, Аҳмадбек Қучқоров, Ниёз Сафаров, Соҷида Муродова, Ҳабиб Искандаров ва ғ. равшан карда, пиромуни рушди донишу маърифати миллӣ масъалагузрӣ намудааст.

Марямбону дорандаи Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Б. Пастернак (барои китоби «Афсонаи тамаддун», 1995), ҷоизаи «Нишони сухан»-и ИН Тоҷикистон (2006), Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (барои маҷмуаи «Шаҳболи хаёл», 2013) ва Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон (2002), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1992), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996) мебошад. Намунае аз ашъори Марямбону:

Ғазали ғазал бихоҳам, на ғазал, ғизол ояд,

Ҳама ҳусну зебу оро, сару по ҷамол ояд.

Ба рухаш, ки моҳи тобон, ба лабаш, ки лаъли сероб,

Ба назар зи мушку анбар биниҳода хол ояд.

Ба само назар бикардам, ба ҷабин чу шамси Ховар,

Нигаҳаш ба сони ахтар, ба забар ҳилол ояд...

Ба қиёс сарви боло, ба шамим атри Порис,

Зи пари ду зулфи афшон фаразан шамол ояд...

Қафаси ҳиҷо куҷо шуд, гирамаш ба донаи меҳр?

Тарафе ғизоли зебо, тарафе ҳилол ояд!..

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Дорандаи Ҷоизаи адабии байналмиллалии ба номи Борис Пастернак, (Москва, 1995),
  • Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Нишони сухан», (2006),
  • Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, (2013)
  • Нишони Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон «100-солагии матбуоти тоҷик».(2012)
  • Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон мебошад.
  • Афсонаи тамаддун: Қиссаву ҳикояҳо. — Душанбе: Пайк, 1995.- 88 с.
  • Ҳадиси Риштон: Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе: Нодир, 2000.- 50 с.
  • Хуморшикан: Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе: Адиб, 2004. — 128 с.
  • Исои ман шав: Шеър. — Душанбе: ЭР-граф, 2006. — 60 с.
  • Чаҳор қисса: Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе, 2006. — 160 с.
  • Нури ахтарпораҳо: Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Адиб, 2011. — 128 с.[1]
  • Шаҳболи хаёл: Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе: Адиб, 2011. — 2014 c.
  • Таманно: Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе: Адиб, 2014. — 191 с.
  • Табъи гуҳаррез. Маҷмӯаи ашъор. — Душанбе: Ирфон, 2016—182 с.

Намунаҳои осори назмиву насрии зиёдаш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ низ чоп шудаанд.[2]

Адабиёт

вироиш
  • Адибони вилояти Суғд. Хуҷанд, 2014. Адибони Тоҷикистон. Д., 2014;
  • О. Шакурзода. мақ. Марямбонуи Фарғонӣ. ЭМТ. Ҷ. 12.
  1. Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Авғонов Қурбон, Юсупова Муҳаббат; Муҳаррир Шаҳрия Адҳамзод. — Душанбе,2013, — С. 33
  2. Марямбонуи Фарғонӣ. 11 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 ноябри 2014.