Равон (Ӯзбекистон)
Деҳаи Равон | |
---|---|
Маълумотҳо | |
Кишвар : | Ӯзбекистон |
Вилоят : | Вилояти Фарғона |
Ноҳия : | Сух |
Аҳолӣ (2018) : | Тақрибан 10,000 |
Забони расмӣ : | ӯзбекӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ, ӯзбекӣ |
Миллатҳо : | 98% — тоҷикон, 2% — ӯзбекон |
Мазҳаб : | суннии ҳанафӣ |
Вебгоҳ : | fergana.uz |
Рақами мошинҳо : | 40 |
Равон (ӯзб. Ravon / Равон) — деҳа, маркази ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ҷуҳмурии Ӯзбекистон. Дар ин деҳа тақрибан 10 ҳазор мардум зиндагонӣ мекунанд. Аксари ин мардумро тоҷикон ташкил мекунанд.
Деҳаи Равон дар шимоли ноҳияи Сӯх қарор дорад, ва тамоми ҳудуди ноҳияи Сӯх ҷазирақаламрав мебошад, ва дар даруни ҳудуди Қирғизистон қарор дорад. Аз тарафи чапи ин деҳа дарёи Сӯх мегузарад. Мардуми деҳаи Равон асосан кишоварзӣ мекунад.
Дар деҳаи Равон бинои ҳукумати ноҳияи Сӯх, мактабҳо, литсей, коллеҷ, коҳи фарҳанг, варзишгоҳ, беморхона, бозор ва мағозаҳо қарор дорад. Дар ин деҳа ҳамчунин шабакаи телевизиони Сӯх (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), рӯзномаи «Садои Сӯх» (ба забони тоҷикӣ) фаъолият мекунад.
Адабиёт
вироиш- Ravon (qishloq) — Oʻzbekiston milliy ensiklopediyasi / Toshkent, 2000-2005.