Адабиёт ва санъат (рӯзнома)

(Тағйири масир аз «Адабиёт ва санъат»)

«Адабиёт ва санъат»газета (ҳафтанома)-и ИН Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии он.

Номи аслӣ «Адабиёт ва санъат»

Молик ИН Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сармуҳаррир Кароматуллоҳи Мирзо (аз соли 2008)
Асосгузорӣ 1 январи 1981
Забон тоҷикӣ

Таъсис

вироиш

2 апрели 1959 бо номи «Маориф ва маданият» таъсис ёфтааст. 1 январи 1981 фаъолияти «Маориф ва маданият» қатъ гардид. Ба ҷойи он ду газета — «Маданияти Тоҷикистон» ва «Газетаи муаллимон» таъсис ёфтанд. Соли 1984 «Маданияти Тоҷикистон» «Адабиёт ва санъат» ном гирифт. Ҳафтанома минбари эҷодкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзӯъҳои соҳаи адабу санъати тоҷик мақолаҳо интишор мекунад. Аз рӯзҳои аввали таъсисаш «Адабиёт ва санъат» хонандаи худро бо рӯйдодҳои адабӣ, ҳунарӣ, воқеаҳои иҷтимоӣ-сиёсии кишвар зери сарлавҳаҳои «Ҷашннома», «Ёднома», «Бозёфт», «Рӯйдодҳои адабӣ ва фарҳангӣ» ошно месозад. Саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат»-ро бахшҳои «Наср», «Назм», «Тадқиқот», «Тақриз», «Бозёфт», «Баҳсу андеша», «Нигористон», «Проблема аз назари хонанда», «Дар коргоҳи адиб (рассом)», «Мизи мудаввар», «Мероси ниёгон», «Мактуби хонанда» ва ғайра ташкил медиҳанд. Оид ба масъалаҳои гуногуни адабиёт ва санъат, мусиқӣ, театр, тарҷумаи бадеӣ, иқтисодиёт, масоили иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ғайра мавод чоп мекунад. Инчунин саҳифаҳои «Хотирот», «Шодбошӣ», «Санъат», «Гулбоғи адаб», «Фарҳанг» аз ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик мужда мерасонанд. «Адабиёт ва санъат» маводро оид ба мавзӯи доғи рӯз дар «Саҳифаи бетаҳрир» ҷой медиҳад. Дар бахши «Назм» ва «Наср»-и «Адабиёт ва санъат» шеърҳо, ҳикояҳо, новеллаҳо, порчаҳо аз роману достонҳо ва тарҷума аз адабиёти ҷаҳон ба табъ мерасанд. Барои эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ адабии ҳамзабонон бо ибтикори Ройзании фарҳанги ҶИЭ дар Тоҷикистон як саҳифаи «Адабиёт ва санъат» — «Пайванд» бо ҳуруфи арабиасос нашр мешавад. Эҷодиёти аҳли қалами Эрон ва Афғонистон дар саҳифаи «Гулбонги порсӣ» чоп мешаванд. Саҳифаи ҳаҷвии «Мушфиқӣ» минбари ҳаҷвнависони Тоҷикистон мебошад.

Минбари адибони Тоҷикистон

вироиш

Ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” минбари эҷодкорони Тоҷикистон буда, дар таъсис ва нашри он чеҳраҳои матраҳи илму адаби тоҷик саҳми хоса доранд. Ҳафтанома асосан ба нашри осори адибон ва ҳунармандони тоҷик машғул буда, дар охирҳои солҳои бақои Шӯравӣ нақши муҳим дар бедории руҳияи миллӣ ва худшиносии миллӣ гузоштааст. Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” як силсила мақолаҳои муҳим дар ҳимояти забони тоҷикӣ нашр намуда, дар мақоми расмӣ гирифтани забони тоҷикӣ нақши муҳим бозидааст. Дар он солҳо ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” яке аз серхонандатарин ҳафтаномаҳои ҷумҳурӣ буд. Шумораи нашраш аз 100 ҳазор нусха бештар буд.[1]. Ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ низ нашраш қатъ нашуд ва бо инъикоси ҳаводиси адабиву фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар чароғи маърифатро фурӯзон нигоҳ медошт.

Рубрикаҳои хоси ин ҳафтанома “Наср”, “Назм”, “Ҷашнома”, Бозёфт”, “Рӯйдодҳои адабӣ ва фарҳангӣ”, “Тадқиқот”, “Нақди адабӣ”, “Тақриз” “Мероси ниёгон”, “Баҳсу андеша”, “Нигористон”, “Гулбоғи адаб”, “Фарҳанг”, “Шодбошӣ”, «Мушфиқӣ», «Тарҷума», «Гулшани адаб» «Чеҳраи ҳунар» «Авроқи таърих» ва ғайра мебошад. Дар ҳафтанома шеърҳои тозанашри шоирони номдори мо Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Мастон Шералӣ, Ҳабибуллоҳ Файзулло, Ғоиб Сафарзода, Убайд Раҷаб, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар, баъдтар шоирони он вақт ҷавон Рустами Ваҳҳоб, Фарзона, Сиёвуш, Низом Қосим ва дигарон нашр мешуд.[2].

Ҳафтаномаро чеҳраҳои номдори адаб ва журналистикаи тоҷик раҳбарӣ кардаанд. Ҳафтанома дар замони раҳбарии Мазҳабшо Муҳаббатшоев мавқеи муҳим дар байни матбуоти тоҷик пайдо карда, шумораи нашраш рӯз ба рӯз меафзуд. Мурури иҷмолӣ ба шумораҳои он солҳо далел бар он аст, ки ҳафтанома ба нашри матолиби ҷиддӣ мағул буда, бо тарҳи мушкилот ва проблемаҳои фарҳангу адаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он ба пешрафти ин соҳа мусоидат кардааст. Дар замони раҳбарии Аскар Ҳаким низ мавқеи ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” устувор буд. Дар ин давра низ ҳафтанома бо нашри мақолаҳои дар мавзуҳои дар он замон муҳим-таърихи тоҷик, забон, фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ғайра ҷойгоҳашро дар фазои матбуоти тоҷик ҳифз кардааст. Давраи мушкили фаъолияти ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат”, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва вазъият буҳронӣ буд, ба давраи роҳбарии Гулназар Келдӣ рост меояд. Дар ин солҳо шумораи нашри ҳафтанома ба далели вазъияти бади иқтисодӣ кам шуда, бо вуҷуди мушкилоти зиёд ҳафтанома нашр мешуд. Дар замони сармуҳарририи Кароматулло Мирзо, ки алакай Тоҷикистон ба фазои осуда ва ваҳдати миллӣ баргашта буд, ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” бо нашри мақолаҳо дар мавзуҳои сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, истиқлол ва ватандустӣ дар таҳкими фазои сулҳу ваҳдат ва боло бурдани руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ нақш бозидааст. Дар давраи сармуҳарририи Мансур Суруш ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” бо нашри мақолаҳои ҷолиб ва хонданӣ мақеияшро ҳифз кард. Ҳоло Парда Ҳабиб сармуҳаррири ҳафтанома буда, дар давраи роҳбарии ӯ теъдоди хонандагони он афзуда, теъдоди нашраш ба беш аз 10 ҳазор расидааст.[3].

Дар солҳои гуногун дар ин ҳафтанома рӯзноманигорон ва адибоне чун Мазҳабшои Муҳаббатшо, Адаш Истад, Баҳманёр, Насрулло Асадуллоев, Салим Аюбзод, Раҳмат Назрӣ, Муаззама Аҳмадова, Муҳаммадзамони Солеҳ, Додоҷон Раҷабӣ, Додохон Эгамов, Равшани Ёрмуҳаммад ва дигарон кор кардаанд.

Сармуҳаррирон

вироиш

Сармуҳаррирони «Адабиёт ва санъат»: Аскар Ҳаким (1980 — 90), Гулназар (1991 — 97), Ҳабибулло Нозирӣ (1998—2007), Кароматуллоҳи Мирзо (аз соли 2008).

  1. ТАЪРИХИ ҲАФТАНОМАИ “АДАБИЁТ ВА САНЪАТ”. navisandagan.tj (14 июни 2019). 26 апрели 2024 санҷида шуд.
  2. ТАЪРИХИ ҲАФТАНОМАИ “АДАБИЁТ ВА САНЪАТ”. navisandagan.tj (14 июни 2019). 26 апрели 2024 санҷида шуд.
  3. ТАЪРИХИ ҲАФТАНОМАИ “АДАБИЁТ ВА САНЪАТ”. navisandagan.tj (14 июни 2019). 26 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои Тоҷикистон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, Д., 1999.

Сарчашма

вироиш