Мастона Эргашева (26 октябри 1952, ноҳияи Ҷайҳун) — овозхон ва шашмақомсарои тоҷик.

Мастона Эргашева
Таърихи таваллуд 26 октябр 1952(1952-10-26) (72 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон

Зиндагинома

вироиш

Мастона Эргашева 26 октябри соли 1952 дар ноҳияи Ҷайҳун ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба таври худомӯзӣ дар мактаби миёнаи ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) рубобнавозӣ ва сароиданро оғоз кардааст. Мулоқот бо шоираи ҷавон Санавбар Соҳибова соли 1967 дар мавсими пахтачинӣ, ки донишҷӯи техникуми омӯзгорӣ будааст, барои ташаккули ҳунарии хонум Мастона нақши муҳим бозидааст: аввалин оҳанги эҷодкардаи Мастона ба шеъри Санавбар Соҳибова «Агар ёри ситамгорӣ» аз ҷониби адибони давр баҳои баланд гирифт.

Мастона Эргашева ба ҳайси сарояндаи ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардааст.

Тӯли 25 соле, ки дар ансамбли давлатии «Шашмақом» Кумитаи радио ва телевизион кор кардам, қариб 200 суруд дар фонди тилоӣ ҳаст. Оҳангсози чанде аз ин сурудҳо худам ҳастам.

— asiaplustj.info

[1]

Ҳоло дар вазифаи омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти хешро бурда истодааст.

Албатта, ҳар касб душворӣ дорад ва тоқату таҳаммул кардан лозим аст. Ҳар шахсе, ки душвориҳоро тоқат кард, бурд кард. Фикр мекунам, ки дар ҳамин 50 сол хеле пастию баландиро ҳам дар ҷодаи ҳунар ва ҳам дар зиндагӣ дидам. Аммо ба ҳамаи мушкилот сабр кардаву тоб овардам. Шукри Худо, имрӯз омӯзгор ҳастам ва боз дар ҳамин соҳа шогирдонро тарбия мекунам.

[1]

  1. 1.0 1.1 Мастона Эргашева: Аз ҳунарам обрӯ ва баракат ёфтам...(тоҷ.). stat.tj. 2019-10-30 (30 октябри 2019). 26 апрели 2022 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш