Масҷиди Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

Масҷиди марказии ҷомеъи ба номи Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит — масҷиди ҷумъахонӣ дар шимоли шаҳри Душанбе. Бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ аст. [1]. Бузургтарин макони мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол, дар соли 2019 сохта шудааст.

Масҷид
Масҷиди Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит
Кишвар
Давлат Тоҷикистон
Сабки меъморӣ Меъмории исломӣ
Майдони умумӣ
  • 0,12 км²
Шумораи манораҳо 6
Баландии манора 4-74 м/ 2-21 м
Ҳолат амалкунанда
Китобхона дорад
 Парвандаҳо дар Викианбор

Санади таҳкурсии масҷид аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри 2009, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 1310 солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит гузошта шудааст. Сохтмон моҳи октябри соли 2011 оғоз ёфтааст. Арзиши сохтмон тақрибан 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Сохтмонро Ҳукумати Тоҷикистон (30 миллион доллар) ва Ҳукумати Қатар (70 миллион доллар) маблағгузорӣ карданд.

Масҷид 8 июни соли 2023 бо иштироки амири Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Танӣ ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд. Пешниҳод гардид, ки масҷид ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.[2].

Маълумот оид ба масҷид

вироиш

Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад. Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ, 18444 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дохили толорҳо бо 14000 метри мураббаъ қолини истеҳсоли ватанӣ қолинпӯш гардида, дар қисмати ҷанубу ғарбӣ толори намозгузории калон меҳроб ҷойгир шудааст.

Иншоот аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад.

Дар дохили масҷид 6 синфхонаи барҳаво, толори қабули меҳмонон ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, 2 китобхона, 9 ҳуҷраи корӣ, 3 меҳмонхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Намои берунаи бинои иншоот 62393 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати 33963 метри мураббаъ бо мармари сафед оро ёфтааст.

Дар гирду атрофи иншоот дар масофаи 92000 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дар ду тарафи даромадгоҳ, ҳамчунин, таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт бунёд гардидааст.

Барои ороиши масҷид 6630 метри мукааб кошин ва 2800 метри мукааб мармари сиёҳ истифода шудааст. Саҳни ҳавлии дохили бино аз 4800 метри мураббаъ ва як фаввора иборат буда, дар он ҷо дар як вақт 8000 намозгузор ҷой гирифта метавонад. Дар маҷмӯъ, масҷид дорои 178 дар мебошад, ки 40 адади он аз чӯби чормағз омода гардидааст.

Дар ин иншоот, корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ - пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “СТС-Иншоот” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, дар давраи бунёди он беш аз 1000 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.[3].

 
Нақшаи масҷид дар соли 2019

Нигаред низ

вироиш

Нигораҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Масҷиди марказии ҷомеъи ба номи Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

  1. В Таджикистане готовятся к открытию самой большой мечети в Центральной Азии. Sputnik (14 сентябри 2019). 27 ноябри 2019 санҷида шуд.
  2. Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. www.asiaplustj.info (8 июни 2023). 13 июни 2023 санҷида шуд.
  3. Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. www.asiaplustj.info (8 июни 2023). 13 июни 2023 санҷида шуд.