Масҷиди Мавлоно Сайид
Масҷиди Мавлоно Сайид (Сутуни тофта) - ёдгории меъморӣ, масҷиди ҷомеи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара. Масҷид охири асри XIX сохта шудааст. Айвон дорад. Мувофиқи баъзе нишонаҳо масҷид нисбатан нав ва айвон муқаддамтар аст. Ибодатгоҳ шашболор ва вассабандист. Дар ду тарафи меҳроб тоқча сохтаанд. Девораи дусинҷаи шарқӣ шаш тоқ, девораи шимолӣ ду даромадгоҳ ва чор тоқи ороишӣ дорад. Даромадгоҳи девори шимоли айвонро бо масҷид мепайвандад. Ин девор боз ду равзан ва тоқе дорад. Дари дутабақаи масҷид кандакорӣ нашудааст. Айвон нӯҳболора буда, шаш сутун дорад. Сарсутуну пойсутунҳо гуногунанд. Масалан, танаи яке аз сутунҳои дами пеши айвон то нисф кандакорӣ буда, бошааш ба шакли хаймаи нӯгбурида аст. Сутуни дигар бо бошаи 16-қирраи аҳромшакли нижвондор ва танаи сеқисма фарқ мекунад. Бошаи сутуни дигари айвон 16-қирраву муқарнасӣ сеқабата мебошад. Танаи он торафт борик шуда бо нақши тофта музайян гаштааст. Нақш то пойсутун намерасад. Холигии байни тасмаи тофта бо нақши исломӣ кандакорӣ шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.