МАСҶИДИ ТӮХТАҚУЛ — ёдгории меъморӣ дар маҳаллаи Тӯхтақули ноҳияи Исфара. Масҷид авали асри XIX сохта шудааст. Масҷид аз ибодатхона в аду айвони алоҳида таркиб ёфта, аз қабили масҷидҳои одисохт аст. Биноҳои асосии масҷид росткунҷа, дар қисми шимолӣ ва шарқиаш айвонҳои алоҳидаи кушода воқеанд. Айвони қисми шарқиаш асосист ва қаторсутун дорад. Айвони уқисми шимолиаш пешайвони хурде дошта, дусутуна аст. Аз қисми шарқӣ ва шимолии бинои зимистонаи масҷид ду даромадгоҳ гузоштаанд. Дар мобайни даромадгоҳҳо тоқҳо воқеанд. Девори қисми ғарбӣ ҳафт тоқ ва меҳроб, девори қисми ҷанубӣ се тоқ дорад. Даруну беруни бино бо коҳгид андова шуда, унсури ороишӣ надоранд. Ду сутуни кандакории масҷид шифти болорро ба шаш сақфчаи мураббаъ тақсим мекунад. Ороиши кандакории сутунҳои даруни масҷид сода ва бурриши пойсутунҳову бошаҳо оддианд. Сутунҳои айвон бошукӯҳтаранд, қатори пеши онҳо аз пойсутунҳои бо услуби кӯзагӣ кандакоришуда иборатанд, ки мадохилу бошаҳо доранд. Шифти айвонҳо ва масҷид бе нақшу нигоранд, қисмҳои чӯбии сақфҳо, болорҳо, бошаҳо ва рафҳоро бо хомандова пӯшидаанд. Ба такмил нарасидани ороиши музайян ва нақшу нигор хоси масҷидҳои шимоли Тоҷикистон дар авали садаи XX аст. Масҷид аз тарафи намозгузорону аҳли маҳалла солҳои 90-уми садаи XX такмил ёфтааст.[1]