Матлуба Ғаффорова
Матлуба Абдузунуновна Ғаффорова — олим, доктори илмҳои тиб (1995), профессор (1999).
Таърихи таваллуд | 4 август 1954 (70 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Зиндагинома
вироишМатлуба Абдузунуновна Ғаффорова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1977). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии ИДТТ (1977-1979), духтури бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Дармонгоҳи №10 (1979-1982) ва Маркази ҷумҳуриявии аллергологӣ (1984), аспиранти Донишкадаи марказии такмили ихтисоси духтурон (ш. Москва; 1984-1987), ассистент (1987-1996), дотсент (аз 1996), иҷрокунандаи вазифа ва ва мудири кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1996-2010) кор кардааст. Доир ба бемориҳои аллергии гӯшу гулӯ ва бинӣ дар сокинони баландиҳои мухталифи Тоҷикистон, хусусиятҳои минтақавии ҷараёни бемориҳои аллергӣ дар кӯдакон, дарёфти усулҳои комплексии ташхиси бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ ва муолиҷаи онҳо пажӯҳиш анҷом додааст. Бобати ҷараёни клиникӣ, ташхис ва муолиҷаи риносинуитҳои аллергӣ ҳамчун ҳолати пеш аз зиқи нафас, хусусиятҳои минтақавии паҳншавӣ, ҷараёни клиникӣ ва муолиҷаи бемориҳои аллергии гӯшу гулӯ ва бинӣ дар сокинони Тоҷикистон таҳқиқот бурдааст. Теъдоди таълифоташ аз дусад мегузарад. Соҳиби 23 навоварист.
Осор
вироиш- Региональные особенности распространения, клинического течения и терапия аллергических заболеваний ЛОР- органов ӯ жителей Таджикистана: Дисс…доктора мед. наук. – М., 1985; Особенности клинического течения, специфической диагностики и терапии аллергических риносинуитов как состояние предастмы. – Д., 1987;
- Лекции по иммунологии и аллергологии. – Д., 1996;
- Тесты для самоподготовки студентов к практическим занятиям по оториноларин-гологии. – Д., 2007;
- Папилломатози ханҷара дар кӯдакон. – Д., 2007;
- Малакаҳои амалӣ аз оториноларингология барои донишҷӯён. – Д., 2007;
- Аллергические заболевания в детском возрасте (клиника, диагностика, лечение и профилактика). – Д., 2008.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 150-15.