Матлюба Мирзоева
Матлюба Мизоева (12 сентябри 1954, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — рӯзноманигор, доктори илмҳои филология (2014). Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010)
Матлюба Ҷаҳонгировна Мизоева | |
Таърихи таваллуд | 12 сентябр 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Мактабҳои миёнаи ноҳияи Рӯдакӣ, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маорифи ҶТ, Пажӯҳишгоҳи илмҳои омӯзгории ҶТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010) |
Зиндагинома
вироишМатлюба Ҷаҳонгировна Мизоева 12 сентябри соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1976 факултети филологияи тоҷикиДонишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти омӯзгориаш аз соли 1977 аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 64, № 194-и ноҳияи Рӯдакӣ оғоз гардидааст. Аз соли 1985 то соли 1992 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, аз соли 1992 то соли 1996 дар Пажӯҳишгоҳи илмҳои омӯзгории ҶТ ба ҳайси ходими илмӣ фаъолият намудааст. Аз соли 1996 муалими калон, дотсент (1999) ва аз соли 2015 профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонкор мекунад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.[1]
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ- методӣ
- Муродифоти грамматики муносибатҳои ҳолии замон, шарт ва хилоф дар абони адабии ҳозираи тоҷик.-Душанбе, 2012. — 120с.;
- Муродифоти грамматики муносибатҳои замон, шарт ва хилоф дар абони адабии ҳозираи тоҷик.-Душанбе, 2012. — 120с.;
- Синтаксическая синонимия обстоятельственных отношений в современном таджикском языке.- Германия: Международное издательство LapLambert, 2014.- 324с.[1]
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005)
- Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010)
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Матлюба Ҷаҳонгировна Мизоева. 13 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 марти 2017.