Маъруфхоҷа Баҳодуров

(Тағйири масир аз Маъруфхуҷа Баҳодуров)

Маъруфхоҷа Баҳодуров (зод. 18 ноябр 1920, Рӯмон) — овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1947).

Маъруфхоҷа Баҳодуров
Маъруфхоҷа Баҳодуров
Таърихи таваллуд 1920(1920)
Зодгоҳ Рӯмон ноҳияи Ғафуров
Таърихи даргузашт 1997(1997)
Маҳалли даргузашт Рӯмон ноҳияи Ғафуров
Пеша(ҳо) овозхон ва навозанда,сароянда
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945). Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1947), орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат (1957),

Зиндагинома

вироиш

Маъруфхоҷа Баҳодуров 18 ноябри соли 1920 дар деҳаи Румони ноҳияи Ғафуров ба дунё омадааст[1]. Яке аз давомдиҳандагони анъанаҳои Содирхон Ҳофиз. Узви дастаи ҳаваскорони қасри маданияти комбинати абрешим (1934—1938), овозхони Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1938—1950), роҳбари ансамбли мусиқии тоҷик дар кумитаи садои ҶШС Ӯзбекистон (1950—1956), корманди театри опера ва балети шаҳри Самарқанд (1966—1967), профессори Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993—1996).

Эҷодиёт

вироиш

Барномаашро беш аз 100 суруду тарона ташкил медиҳад. Баҳодуров иҷрокунандаи силсилаи сурудҳои «Шашмақом», асарҳои Содирхон Ҳофиз («Гулёр», «Гулёри Содирхон», «Ушшоқ»-и Содирхон) мебошад. Сурудҳои машҳури Баҳодуров «Ба фидои ту», «Тасаддуқ», «Эй дил хомуш шав», «Дилбари ҷонони ман», «Ёрро» ба ганҷинаи тилоии мусиқии халқи тоҷик ворид шудаанд. Аз сарояндагони баландноми мусиқии классикии тоҷик ба шумор меравад. Барномаашро беш аз 100 суруду тарона ташкил медиҳад. Ӯ ба осори мусиқии Содирхон рӯҳия ва ифодаи тоза бахшида, таронаҳои «Шаҳноз», «Шаҳнози Содирхон», «Чапандози Содирхон», «Гулёри Содирхон», «Гулёр», «Баёт», «Ушшоқ», «Чоргоҳ», «Дугоҳ», «Ироқ» «Нимчӯпонӣ» ва ғ-ро бо маҳорати баланди сарояндагӣ иҷро намудааст. Таронаҳои Баҳодуров «Дилбари ҷонони ман» (ғазали Ҳофиз), «Эй дил хомӯш шав» (шеъри Лоҳутӣ), «Фидои ту» (ғазали Бедил), «Тасаддуқ» (ғазали Машраб) ва ғ. ба хазинаи тилоии мусиқии классикии тоҷик дохил шудаанд. Баҳодуров мусаннифи достони шеърию мусиқии «Лайлӣ ва Маҷнун» ва ғ. мебошад. Инчунин муаллифи якчанд барномаҳои ҳунарист. Иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941), Даҳаи санъати ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (Тошкент 1944), ҳамоиши байналхалқии мусиқии мардумони Шарқ (Самарқанд 1988), Анҷумани тоҷикони дунё (Душанбеи 1994), Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар вилоятҳои Тошканду Фаргона (1997). Ба кишварҳои Афғонистон ва Эрон сафарҳои ҳунарӣ кардааст.[2]

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат (1957),
  • «Нишони фахрӣ»,
  • медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» (1954),
  • Ифтихорномаи Президиуми ШО ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.[3]
  1. Меҳрофарин Наҷибӣ. Ҷӯрабек Муродов: “Маъруфхӯҷа Баҳодуровро дар авҷи ҳунараш қадр накардем”. asiaplustj.info. ASIA-Plus (18 ноябри 2022). 26 сентябри 2023 санҷида шуд.
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 59-60. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
  3. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 39 ISBN 978-99947-49-13-3

Адабиёт

вироиш
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988;
  • Таджикская музыка, Д., 2003;

Пайвандҳо

вироиш