Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон — таълимгоҳи амалию таҳқиқии олии мусиқӣ. Макон - шаҳри Хуҷанд.

Таърих

вироиш

Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ бо унвони Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 1993 дар шаҳри Хуҷанд ташкил шудааст. Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат, таҳқиқоти илмӣ оид ба самтҳои гуногуни таърих ва ҳунари санъати мусиқӣ, рушди минбаъдаи санъати касбӣ ва идомаи беҳтарин анъанаҳои санъати миллӣ бо ҷалби ҳунармандони варзида ва мутахассисони касбӣ самти афзалиятноки таълимию ҳунаромӯзии факултаро дарбар мегирад. Дар таъсиси муассисаи таълимию илмии Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Академияи мусиқии ҶТ) мутахассисони варзида – номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Ҳакимов Наимҷон Ғаниевич, профессор Рауф Муродов , профессор Умар Алиев ҳамчун ташаббускор иқдом намудаанд. Минбаъд олимони шинохта – мусиқишиносон н. и. с. Фирӯз Ӯлмасов, Абдувалӣ Абдурашидов, Султоналӣ Худойбердиев ва ҳофизони варзида, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС профессор Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон профессор Боймуҳаммад Ниёзов, оҳангсоз Шарофиддин Сайфиддинов, сароянда Даврон Алиматов, Ҳофизони халқии Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров, Абдураҳим Шерматов, мутрибон-навозандагони чирадаст Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ Юсуфҷон Бобоҷонов, ғиҷакнавоз Сайдулло Убайдуллоев ва дигарон дар таълиму тарбияи насли ҷавони ҳунармандон саҳми арзанда гирифтанд.

Дар ибтидо дар Академияи мусиқии ҶТ шуъбаҳои зерин амал мекарданд: мусиқишиносӣ-шарқшиносӣ, актёри театри анъанавӣ, санъати навозандагӣ, санъати сарояндагии анъанавӣ. Дар АМ ҶТ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва Донишкадаи таълимӣ амал мекард, ки дар он олимони намоёни соҳаи санъат Абдурашидов А., Раҷабов А., Кароматов Ф., Гейзер Э. Р., Ғафурбеков Т., Абдуллоев Р. ва дигарон фаъолият мебурданд. Дар соли аввал ба донишкадаи таълимӣ 36 нафар, соли хониши 1994-1995 35 нафар донишҷӯ қабул гардиданд. Соли 1995 шуъбаи рассомӣ, соли таҳсили 1995-1996 шуъбаи хониши академикӣ, соли 2002 шуъбаи актёри драма ва коргардони театр бо сарварии Ҳунарманди шоистаи ҶТ Барзу Абдураззоқов ба фаъолият оғоз намуд. Дар асоси Қарори Ҳукумати шаҳри Хуҷанд (№294 аз 17 июли соли 1996) муассисаи таълимии Академияи мусиқии ҶТ барҳам дода шуда, ба ҷои он аввал факултаи санъат дар назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва аз соли 2001 факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти таълимиро идома дода истодааст.

Фаъолияти академия

вироиш

Таълиму тарбияи ҳунармандони ҷавон дар Академия бо усули нави омӯзишӣ ва дарки асосҳои «Шашмақом» сурат мегирад. Барномаи дарсӣ роҷеъ ба асосҳои ташаккули пардаии мақомҳо, таносубу ҳамоҳангии зарбии мусиқӣ ва авзони шеърӣ, сохтору ниҳодҳои оҳангии ин падидаи мусиқию шеърӣ ва ғ. бар пояи пажӯҳишоти илмию амалӣ анҷом ёфта, баёнгари афзалияти ин боргоҳи ҳунарии ҳирфаӣ аст. Ҳадафи таъсиси Академия эҳёи анъанаҳои асили устодонаи мусиқии «Шашмақом» (устод – шогирд, силсилахонӣ, эҷоди мусиқии мақомӣ), тарбияи насли нави иҷрокунандагону тарғибгарон, донандагону эҷодкорони ҳирфаии мусиқии «Шашмақом», иҷрои маҷмӯии мақомҳо бо такмили нав ва сабти он ба навор, интишори китобу рисола ва таълифи дастуру барномаҳои таълимӣ роҷеъ ба масоили мубрами ин шоҳкории машҳури мусиқӣ мебошад.

Гурӯҳи ҳунармандони Академия қисмҳои «Наср» ва «Савт»-и мақомҳои «Рост», «Наво», «Бузург», «Дугоҳ», «Ироқ», «Сегоҳ»-ро дар маҷмӯъ ба шакли силсила омӯхта, сабти аудиоӣ ва видеоии онҳоро барои дӯстдорони ҳунари зебо пешкаш намудаанд. Академия бо барномаҳои консертӣғайр аз манотиққи мухталифи ҷумҳурӣ ба бисёр кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик, Европаю Америка сафар намуда, сарвати гаронбаҳои тӯли асрҳо эҷоднамудаи тоҷиконро бо тозаҳунарии иҷроӣ манзури бинандагони сершумор гардондааст. Ҳунармандони Академия дар рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Россия (Москва, 2005), Фаронса (Париж, 2005), фестивали байналмиллалии «Шашмақом» (Душанбе, 2006) ва ғ. иштирок намудаанд.

Сарчашма

вироиш
  • Таджикская музыка. - Душанбе, 2003;
  • Донишномаи Шашмақом. - Душанбе, 2009.

Пайванди беруна

вироиш

Донишномаи Шашмақом. – Душанбе,2009. – 423 с.