Мағфират Каримова
Мағфират Каримова (Каримова Махфират Калоновна; 18 сентябри 1923, Хуҷанд — 10 марти 2012, Душанбе[1]) — омӯзгор, ходими давлатию ҷамъиятӣ ва сиёсатмадори тоҷику шӯравӣ. Муовини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон[2] (1961—1974).
Муовини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон
|
|
---|---|
1961 — 1974 | |
Муовини якуми вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон
|
|
1956 — 1961 | |
Таваллуд | 18 сентябр 1923 |
Даргузашт |
10 март 2012 (88 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | Институти педагогии шаҳри Душанбе (1950) |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишМағфират Каримова 18 сентябри соли 1923 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Падараш қабл аз ба дунё омадани ӯ даргузашт. Модар ба танҳои ӯро бо хоҳараш бузург кард[3]. Мағфират Каримова баъди хатми мактаби № 5, соли 1936 ба Омӯзишгоҳи омӯзгории занона дохил шуда, соли 1939 онро бомуваффақият ба итмом расонидааст. Солҳои 1939—1941 муҳассили Донишгоҳи дусолаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, сипас, соли 1950 ӯ Институти педагогии шаҳри Сталинободро хатм кардааст.
Хонавода
вироишМағфират Каримова соҳиби се фарзанд мебошад. Ҳар се фарзандаш маълумоти олӣ гирифтанд: Тоҷинисо номзади илмҳои тиб, духтури маъруф дар вилояти Суғд, Каримҷон номзади илмҳои иқтисодӣ, Рустамҷон шарқшинос.
Ӯ дар баробари ҳама сахтиҳои зиндагӣ муқовамат кард, бахусус дар солҳои охири умраш, ки шавҳару писаронашро аз даст дод[3].
Корнома
вироишМағфират Каримова фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгор аз соли 1941 дар мактаби ҳафтсолаи № 5 ба номи Калинини шаҳри Хуҷанд оғоз менамояд. Моҳи июли соли 1948 бо фармони вазири маориф ӯро ба вазифаи директори мактаби миёнаи № 10 ба номи Садриддин Айнӣ ва ҳамзамон директори Интернати занонаи № 10 ва директори Омӯзишгоҳи занонаи шаҳри Сталинобод таъйин намудаанд. Соли 1953 Мағфират Каримоваро ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи халқи шаҳри Сталинобод пешбарӣ карданд ва дар соли 1956 ӯ нахуст муовин, сипас муовини якуми вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон таъйин мешавад[4].
Соли 1961 ӯро ба вазифаи муовини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон муносиб донистанд, ӯ аввалин зан дар ҷумҳурӣ буд, ки чунин вазифаи баландро сазовор гардид. Аз 29 апрели соли 1974 то 22 январи соли 1986 вазифаи раиси раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии ҶШС Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро бар уҳда дошт[5].
Раиси комиссияи доимии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон доир ба масъалаҳои меҳнат, маишати занон ва ҳифзи модару кӯдак (1975–1986). Вакили Анҷумани 1-уми муаллимони ҶШС Тоҷикистон (1945), Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 5–10), депутати Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Октябри шаҳри Сталинобод (1948–1953), Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Сталинобод (1953–56). Узви Кумитаи занони ИҶШС (1974–1986), Кумитаи ҳифзи сулҳ ва Бунёди сулҳи Тоҷикистон (аз 1961), Шӯрои марказии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон[1].
Хадамоти ҷамъиятӣ
вироишСолҳои 1958—1986 ӯро узви комиссияи назорат, узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон интихоб карданд. Аз соли 1950 узви Кумитаи якдилии Осиё ва Африқо буд.
Мағфират Каримова аз соли 1986 ба бознишаста шуд, вале дар корҳои ҷамъиятӣ, хоса байни занон ва ҷавонон иштирок мекард.
Ҷоизаҳо
вироишМағфират Каримова бо се Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1960, 1965, 1971), ордени «Нишони фахрӣ» (1959), медали «Барои меҳнати шоиста дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945», 5 медали иттифоқ, медали тиллоии Хазинаи Сулҳи Иттифоқ, 5 Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои олии Ҷумҳурӣ, унвони «Аълочии Маорифи халқ» ва унвони «Муаллими шоистаи мактабщои Тоыикистон» (1965) қадрдонӣ шудааст.
Даргузашт
вироишМағфират Каримова 10 марти соли 2012 даргузашт.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Каримова Махфират Калоновна / Н. Шарипов // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.
- ↑ 9 женщин Таджикистана, повлиявшие на ход истории страны(англ.). www.molbulak.ru (20 April 2018). 31 Январ 2023 санҷида шуд.
- ↑ 3.0 3.1 Манижа КУРБАНОВА. Махфират Каримова: от паранджи до высокой трибуны. asiaplustj.info. ASIA-Plus (19 сентябри 2013). 31 Январ 2023 санҷида шуд.
- ↑ Ҷонон Бобокалонова. Нури маърифат / муҳ. А. Остонова. — Д.: Матбуот, 2000. — 128 с. — ISBN 6-00-200000-0.
- ↑ Аъзам МӮСОЕВ. Рӯзгоре барои ибрат. jumhuriyat.tj. Ҷумҳурият (26 июли 2022). 31 Январ 2023 санҷида шуд.