Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

донишгоҳ дар Душанбе

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (мухт. ДДОТ ба номи С. Айнӣ) — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

(ДДОТ ба номи С. Айнӣ)
Номҳои қаблӣ Институти педагогии Сталинобод
Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченко‎
Соли таъсисёбӣ 1931
Навъ муассисаи давлатии олии таълимӣ
Ректор Аҳлиддин Ибодуллозода
Донишҷӯён 18 000
Аспирантура аз соли 1936
Мавқеъ хиёбони Рӯдакӣ, Душанбе,  Тоҷикистон
Сайт tgpu.tj

Маълумоти мухтасар

вироиш

Сарпарасти донишгоҳ Вазорати маорифи Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Шумораи донишҷӯён зиёда аз 10000 наф., кормандони илмӣ- педагогии донишгоҳ — 584 нафар профессорону омӯзгорон машғул мебошанд, ки 37 нафари онро докторҳои илм, профессорон ва 111 номзадони илм, дотсентон ташкил медиҳанд. (2014).[1] Ректор — доктори илмҳои филологӣ, профессор Салимов Носир Юсупович (аз 15 декабри соли 2014)[2] мебошад.

Таърих

вироиш

Донишгоҳ соли 1931 дар шаҳри Сталинобод таъсис дода шуда, баъд аз як сол Академияи педагогӣ, аз соли 1933 Донишкадаи педагогии Сталинобод номгузорӣ шудааст. Ба донишгоҳ аввал номи адиби украинӣ Т. Г. Шевченко, сипас соли 1991, номи олими тоҷик Қандил Ҷӯраев гузошта шуда буд. Аз соли 2007 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ номгузорӣ шудааст. Аз соли 1936 шуъбаи аспирантура ва аз соли 1961 дар докторантура дастпарварони донишгоҳ ба кори илмӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 37 нафар докторҳои илм, профессорон ва 111 номзадони илм, дотсентон кор мекунанд. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон соли 1992 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада номи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дода шуд. (Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 1992).[1]

Факултаҳо

вироиш

Дар 13 факултаҳои донишгоҳ аз рӯи 34 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 11000 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Донишгоҳ дар солҳои мавҷудияти худ зиёда аз 40 ҳазор мутахассисони маълумоти олидор тайёр намудааст. Дарсҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ гузаронида мешаванд.

Факултаҳо
  • Биология
  • Риёзӣ (математика)
  • Физика
  • Кимиё (Химия)
  • Технология ва соҳибкорӣ
  • Ҷуғрофия (География)
  • Забон ва адабиёти тоҷик
  • Забон ва адабиёти рус
  • Омӯзгорӣ (Педагогика)
  • Забони англисӣ
  • Забонҳои романию олмонӣ
  • Таърих
  • Иқтисодиёт

Сарварони донишгоҳ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш