Мақбараи Садриддин Айнӣ — ёдгории меъморӣ дар Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣи шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Мақбараи С. Айнӣ

Мақбара тибқи лоиҳаи меъмор Ю. Г. Снеговский соли 1954 дар сари қабри адиб сохта шуда буд. Он дар майдони доирашакли гулгашти асосӣ ру ба руи даромадгохи шарқии Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣи шаҳри Душанбе воқеъ буд. Гулгашт бо тахтабетонҳо пӯшонида шудааст. Аз ду тарафи роҳ ва майдони мақбара сарву арчаҳо қад афрохтаанд. Мақбара бар бунёди маснуъ бино шуда, аз се тараф зина дорад. Атрофи он сабзазору гулпӯш аст. Аз мақбара 6а чор тараф гулгашт кушодаанд. Иншоот гунбазшакл, вале дар он хусусияти макбараҳои асримиёнагӣ дида намешавад. Гунбаз ба шаш сутун устувор шуда, дар миёнаи мақбара муҷассамаи нимтанаи Садриддин Айнӣро гузоштаанд. Байни сутунҳо ток сохтаанд. Ба фарши иншоот тахтабетонҳо чидаанд, ки гафсиаш 20 см аст. Павильон аз маводи оҳану бетонӣ ва тахтасангҳои мармарӣ сохта шудааст. Сатхи намо ва сутунҳо бо мармари сафед, даруни токҳо бо мармари сурхи тираю гулобӣ ва токҳо кандакорӣ шудаанд. Бурҷи сутунҳоро бо «занҷира»-и мармарии зардча оро додаанд. Муҷассамаи Айнӣ аз мармари сафед сохта шуда, дар зерсанги он бо зарҳал ном ва таърихи таваллуду вафоти Садриддин Айнӣ сабт шудааст. Беруни гунбази мақбара кошкори шуда, бо ранги обӣ рангмолӣ гардидааст.

Нигаред

вироиш

Нигористон

вироиш

Манобеъ

вироиш

Салия Мамаджанова, Рустам Мукимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). – Душанбе,2008. – С.277 - 278