Боғи устод Айнӣ — боғи фарҳангию фароғатӣ, ки соли 1960 дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Масоҳаташ 12 гектар.

Ҳайкали С. Айнӣ дар ин боғ

Лоиҳа

вироиш

Лоиҳаи Боғи фароғат ва истироҳат ба номи С. Айнӣ аз ҷониби ГПИ «Таджикгипрострой» соли 1958 таҳия шудааст. Муаллифи лоиҳа — архитектор Ю. Г. Снеговский аст.

Тавсифот

вироиш

Кӯчабоғи асосии боғ аз даромадгоҳи дуюм ба самти шимол тӯл кашида, ба ду гулгашт тақсим мешавад. Дар ин гулгаштҳо роҳравҳо барои сайру гашт, гӯшаҳои осоишу тафреҳ бо атраксионҳои мухталиф, аз ҷумла 7 чархофалак, арғунчакҳо ҷойгиранд. Аз самти ғарбии боғ наҳре ҷорист, ки ба кӯли шабакаи оби ошомидании шаҳр мерезад. Боғ аз тарафи хиёбони Рӯдакӣ бо панҷараи филиззии хушнақшунигор ва сутунҳои мудаввар иҳота шудааст. Дар ҳудуди боғ бо обурангу назокати хос 15 намуд дарахтони сояафкану мевадор (2150 бех), аз ҷумла ақоқиё, булут, маҷнунбед, сада, лоладарахт, сафедор, чинор, гулбуттаҳои гуногун шинонда шудаанд, ҳамчунин зиёда аз 10 намуд гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд. Дар боғ барои тафреҳу истироҳати мардум суфачаҳо, шипангчаҳо мавҷуданд, чойхонаю ошхона ва дуконҳои нӯшобафурӯшӣ дар хидмати мардум қарор доранд. Дар маркази боғ мавзее барои баргузории суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои фарҳангию ҳунарӣ дар рӯзҳои иду ҷашнвораҳо ҷойгир аст.

Дар самти шимолии Боғ, рӯ ба рӯи даромадгоҳи асосӣ то ноябри соли 2017 оромгоҳи якчанд аз чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг ва сиёсати кишвар — Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Муҳаммад Осимӣ, Боқи Раҳимзода, Муқаддима Ашрафӣ, Камол Айнӣ бо ҳамсараш дафн карда шуда буданд, ки қабрҳои онҳоро (ба ғайр аз С. Айнӣ) ба Боғи Лучоб кӯчониданд.

Сарчашма

вироиш