Мақбараи Бобо-Тағо
Мақбараи Бобо-Тағо — ёдгории мсъмооии садаи XV дар шаҳри Истаравшан.
Ёдмон | |
Мақбараи Бобо-Тағо бинои мураббаъшакли начандон калони гунбазист, ки пештоки васеаш тамоми иморатро фаро гирифтааст. Зиёратхонаи Мақбараи Бобо-Тағо гунбаз дошта аз хишти пухта сохта шудааст. Бинои мураббаи зиёратхона аз ҳисоби чор равокток, васеъ гардидааст. Дар қисми шарки зиёратхона утоки начандон калон rypxoнa вокеъ аст. Деворҳои гурхона бо токҳои пайконӣ, ки аз фарш як метр боло ҷойгиранд, оро ёфтааст. Дар миёначо сагонаи пасти гачкорӣ вокеъ аст. Токи гарбиро мехроби панчтаркаи равокдор оро додааст. Дар токи мукобили он даромадгох гузоштаанд. Унсури асосии ороишй қисмати дохили М. аз изораҳои гачй иборат аст, ки бо аркахо хотима меебанд. Намой чанубй пештоки васеъ дорад. Дар ду гулдастаи пешток хоначаҳои росткунчаи танге сохта шудаанд, ки онҳо, эхтимол вазифаи чиллахонаро адо мекардаанд ва аз тарафи толор даромадгох доранд. Баъдтар дар пеши Мақбараи Бобо-Тағо айвони васеъ сохта шуд (а. 19). Ин айвон чор шохсутун дошта сакфаш кандакорӣ шудааст ва намунаи санъати амалии халку нақшунигории чубйст.
Эзоҳ
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.