Мақбараи Худоёри Валъамӣ

МАҚБАРАИ ХУДОЁРИ ВАЛЪАМӢ - ёдгории меъморӣ дар ноҳияи Исфара. Мақбара дар асрхо XVI – XVII сохта шудааст. Дар силсилаи Маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ ҷойгир аст. Бино хиштини гунбаздор буда, пештоқи начандон амиқаш рӯ ба шарқ аст. Мақбара мувофиқи тарҳ ва банду баст ба гӯрхонаи мураббаъшакл (4 м Х 4 м) шабеҳ буда, чор тоқи пайконшакл дорад, ки дар чор тарафаш ҷоқгиранд ва нақши салибмонадеро дар якҷоягӣ бо гунбаз ташкил додаанд. Зергунбаз аз шурфаҳои сипаршакле (тахтаҳо каҷҷак) таркиб ёфтааст, ки байни чор равоқи тоқҳо ҷой гирифтаанд. Дар мобайн – зери гунбаз сағонаи мукаабшакле (3,15Х4,05Х2,1 м) сохта шудааст, ки аз қисми ҷануб даомадгоҳи равоқӣ дорад. Зовияҳои мукааби сағона кунд мебошанд. Дохили сағона дахмаест, ки сақфи он равоқи пайконӣ дорад. Дахма холист. Бинои умумӣ аз хишти пухтаи мураббаъ (25Х25Х5 см) сохта шудааст. Намои сағона, ки рғ ба пештоқи даромадгоҳ дорад, бо ҳошияҳои роскунҷаи пайконӣ оро ёфтаанд. Канори ҳошия музайян буда, рахҳои амудии байни умқхо ба чавкоти П-шакл шабоҳат доранд ва бо навъи нақши занҷираи маҳин оро ёфтаанд. Сохтмони сағонаи мукаабшакли зери гунбаз натанҳо дар санъати меъмории шимоли Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Миёна кам ба назар мерасад. Се намои мақбара (ғарбӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ) ба ҳамдигар шабеҳ буда, присаи онҳо обғалти мусалласӣ доранд. Намои шимолӣ даромадгоҳи начандон бузург ва намои ҷанубӣ равзанаи чоркунҷае дорад. Дар намои шарқӣ пештоқи равоқтоқдори умқие сохта шуда, ки дар он ба гӯрхона дари даромад гузоштаанд. Гурҷҳои пештоқ аз тоқҳои мусаттаҳи табақадор, ки хоси сохтмони биноҳои пештоқдори асрҳои XVII – XVIII буд, орист. Бино тармим шудааст.[1]

  1. Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табии. - Душанбе, 2012.