Мақомоти ҳокимияти иҷроия
Мақомоти ҳокимияти иҷроия — мувофиқи Конститутсия Ҳукумати Тоҷикистон мақоми иҷроияи ҶТ буда, аз тарафи Президенти Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир ва дигар аъзоёни Ҳукумат таъйин ва озод карда мешавад. Фармон дар ин хусус ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ нешниҳод карда мешавад. Ҳукумат бо мақсади таъмини роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Раиси ҷумҳур ташкил карда мешавад ва ба низоми мақомоти идораи давлатӣ роҳбарӣ мекунад. Раиси Ҳукумат Президенти Тоҷикистон буда, сарвари ҳокимияти иҷроия мебошад. Ӯ ба фаъолияти Ҳукумат роҳбарӣ намуда, барои ваколатҳоро самаранок амалӣ кардани он тадбирҳо меандешад. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Ҳукуматро Конститутсия, Қонуни Конститусионии ҶТ дар бораи «Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон», дигар қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармои ва амрҳои Раиси ҷумҳур, саиадҳои аз тарафи Тоҷикистон эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил менамояд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 272-273
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |