Мақсудшо Иматшоев
Мақсудшо Иматшоев (15 сентябр 1953, Сталинобод — 3 октябр 1993, Ҷумҳурии Федеративии Олмон) — ҳунарпешаи Синамои тоҷик, Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва СССР (1987).
Мақсудшо Қиматшоевич Иматшоев | |
| |
Таърихи таваллуд: | 15 сентябр 1953 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 3 октябр 1993 (40 сол) |
Маҳалли марг: | |
Касб: | ҳунарпеша |
IMDb: | ID 0408094 |
Зиндагинома
вироишФакултаи актёрии (студияи тоҷикӣ, устоди синф, Артисти халқии СССР Фёдор Бондарчук) Институти умумиитифоқии давлатии кинематографияи ш. Москваро соли 1975 хатм кардааст. Сипас омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Ӯ дар ҷодаи маҳорати актёрӣ ва коргардонӣ ба донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дарс додааст. Инчунин, якчанд намоишномаҳои театрӣ-оммавиро ҳамчун коргардон таҳия ва ба саҳна пешакаш намудааст. Аз соли 1967 дар ҷодаи синамо ҳунарнамоиро сар кардааст. Мақсудшо Иматшоев дар ибтидои солҳои 90-ум аз Тоҷикистон муҳоҷират намуда 3.10.1993 дар Олмон фоҷеавор аз олам чашм пушидааст.
Синамо
вироишДар филмҳои
- «Аланга зери хокистар» (1967),
- «Субҳи нави ҷавонӣ» (1979),
- «Ҷумъаи ҳафтум» (1980),
- "Иловагӣ, ба роҳхати дуюм меояд " (2 серия,1986),
- «Дарвеши ланг»(1986) ва диг. нақшҳо офаридааст.[1].