Маҳбуба Афзалӣ (10.02.1957, Душанбе) — омӯзгор, номз. илмҳои педагогӣ (2005), дотсент(2014). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999).

Маҳбуба Афзалӣ
Таърихи таваллуд 10 феврал 1957(1957-02-10) (67 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Маҳбуба Афзалӣ 10 феврали соли 1957 дар ш Душанбе ба дунё омадааст. Фарзанди Камол Афзалӣ. Пас аз хатми мак. миёнаи № 2 Душанбе (1974) дар факултаи забонҳои хориҷии (бахши англисии) ИПД ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст (1974–1978). Муаллими каф. заб. англисии УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло – ДМТ, 1978–87). С. 1988 ба ҳайси муаллими заб. англисӣ ба кори каф. заб. хориҷии ИПД ба номи Т.Г. Шевченко гузаштааст. С. 1992 – муд. каф. заб. хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таъйин шудааст. С. 1999 бо ташаббуси ӯ дар ДДОТ садорати фак. заб. англисӣ таъсис ёфтааст, ки роҳбариаш то с. 2001 бар зиммааш буд. Аз с. 2001 дотсенти каф. заб. хориҷии фак. ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Донишу малакаашро дар УДМ ба номи М.В. Ломоносов, УДБелорусия ва Донишгоҳи Кембриҷи шаҳри Лондон такмил додааст. С. 2005 дар мавзӯи «Система гражданско-патриотического воспитания студентов по формированию активной жизненной позиции, обеспечивающей стабильность и безопасность в обществе» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ -тадқ., дастури таълимӣ барои донишҷӯ ёни мак. олӣ, аз ҷумла кит. дарсии «English for you» (Д., 2010), «Маҷмӯаи корҳои контролӣ» (Д., 2005), «Характеристика безличных предложений» (Д., 2014), мақолаҳои «Художественный перевод «Авесты» как фактор развития таджикско-немецких литературных связей», «К вопросу о международных литературных связах», «Формирование потенциального словарного запаса студентов на базе общественно-политической и профессиональной лексики», «Речевой конфликт как предмет перислингвистических исследований», «Учебное тестирование как один из методов активизации обучения в вузе», «Формирование языковой картины мира и речевой культуры студентов в процессе обучения иностранным языкам» ва ғ. Бо чандин Ифтихорномаи соҳавӣ ва ДМТ мукофотонида шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6