Бахтиёр Маҳмадалӣ

иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (2016), дотсент (2019), доктори илмҳои иқтисодӣ (2023)
(Тағйири масир аз Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ)

Бахтиёр Маҳмадалӣ Набӣ (Маҳмадалиев Бахтиёр Набевич; зод. 24 феврали 1971, ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (2016), дотсент (2019), доктори илмҳои иқтисодӣ (2023). Профессори фахрии шуъбаи хориҷии Донишгоҳи нафти Чин (2021), профессори фахрии Донишкадаи муҳити зист ва захираҳои шаҳри Ланҷоу (2021), Профессори фахрии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (2024).

Бахтиёр Маҳмадалӣ
Маҳмадалиев Бахтиёр Набиевич
Таърихи таваллуд 24 феврал 1971(1971-02-24) (53 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (аз 2020)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Ростов
Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ 24 феврали соли 1971 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Ростови лаби Дон ба номи М.А. Суслови Федератсияи Россияро аз рӯи ихтисоси сиёсатшинос, омӯзгори фанҳои сиёсӣ, соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ-бозраси андоз, соли 2005 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2020 Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок техник-маркшейдер хатм намудааст[1].  

Хидмат дар артиш

вироиш

Соли 1991 кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳи давлатии Ростови лаби Дон ба номи М.А. Суслови Федератсияи Россияро хатм намудааст.

Рисолаи номзадӣ ва докторӣ

вироиш

Соли 2015 рисолаи номзадии худро таҳти мавзӯи “Государственное регулирование эколого-экономических отношений в Республики Таджикистан (на примере экологического предпринимательства) аз рӯи ихтисоси 08.00.01 - экономическая теория (общая экономическая теория) ҳимоя кардааст.

Соли 2023 рисолаи докториро таҳти мавзӯи “Такмили танзими омили экологӣ дар таъмини рушди устувории иқтисодиёти минтақа: назария ва амалия” аз рӯи ихтисоси 08.00.03- иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ ҳимоя кардааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Солҳои 1993-1995 директори ширкати хусусии автосалон “Интер Душанбе”;

Солҳои 1995-1996 нозири андози шуъбаи методологияи андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1996-1997 нозири калони шуъбаи корҳои аппелятсионӣ ва байналхалқии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1997-1999 сарнозири Идораи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1999-2000 сардори шуъбаи бақайдгирии андозсупорандагони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2001-2003 муаллими калони кафедраи “Андоз ва андозбандӣ”-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон;

Солҳои 2003-2006 сардори шуъбаи кадрҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон;

Солҳои 2006-2007 сардори шуъбаи кадрҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;

Солҳои 2007-2008 сармутахассиси раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2008-2013 ёрдамчии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2013-2014 мудири бахши Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2014-2017 сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2017-2018 дотсенти кафедраи “Андоз ва андозбандӣ”, докторант-коромӯзи кафедраи “Назарияи иқтисодӣ”-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

Солҳои 2018-2020 директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон;

Аз 24 ноябри соли 2020 дар вазифаи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи беш аз 125 асарҳои илмию методӣ дар самти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва муаллифи 2 монография, 2 васоити таълимӣ, 2 китоби дарсӣ мебошад:[2].

  • Взаимодействие экологии и экономического роста в Таджикистане (теоретико-практические аспекты) // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук – 2014. – № 2/10 (152). – Ч.2. – с. 118-121
  • Социально-экономическое значение и особенности функционирования экологического предпринимательства и эколого- экономических отношений // Известия Академии наук Республики Таджикистан, Серия: общественные науки. – 2014. – № 3. – с. 75-81
  • Регулирование экологического предпринимательства в контексте концепции устойчивого развития // Известия Академии наук Республики Таджикистан, Серия: общественные науки. - № 3 (235). Д.: -2014. -с. 74-82 ISSN 2076-2569
  • Концептуальные основы развития эколого-экономических отношений // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. – 2014. – № 5. – с. 96-102
  • Совершенствование институциональных основы развития экологического предпринимательства и эколого-экономических отношений в Республики Таджикистан // Вестник Таджикского национального университета -№2/3 (165) – Д.: 2015. – с. 87-92 ISSN 2074-1847
  • Андози иҷтимоӣ ва роҳҳои такмили он дар иқтисодиёти имрўза // Вестник Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни. - №1(61). – Д.: -2015. – с. 163-166 ISSN 2219-5408
  • Некоторые аспекты сравнительного анализа и дальнейшего совершенствования налоговой системы Республики Таджикистан // Вестник Таджикского государственного университета коммерции -№ 4 – Д.: -2016. – с. 75-81
  • Оценка действий механизмов экономико – экологического регулирования и особенности устойчивого природопользования в Таджикистане // Вестник Таджикского национального университета - № 2/3 (201) часть 2– Д.: -2016. – с. 28-31 - ISSN 2413-5151.; №1926 от 03.06.2016 г. в перечне рецензируемых изданий ВАК РФ
  • Регулирование экологического процесса и деградацией земли на восточной части ГБАО и пути его решения // Вестник Таджикского национального университета. – № 2/7 (213)– Д.: -2016. – с. 118-122 – ISSN 2413-5151.; №1926 от 03.06.2016 г. в перечне рецензируемых изданий ВАК РФ
  • Современное состояние экологического предпринимательства и проблемы уничтожение вредных отходов на севере Таджикистана // Вестник Таджикского государственного педагогического университета–№2. -Д.: -2017. – с. 98-106
  • Проблемы устойчивого развития экономики горных районов Таджикистана в условиях рыночных отношений // Вестник Финансово-экономического института Таджикистана -№7 Д.: -2017. – с. 142-147
  • Проблема рекультивации отвалов и радиоактивных отходов хвостохранилищ в Таджикистане // Вестник Таджикского национального университета. – № 4 – Д.: -2017. – с. 163-172– ISSN 2413-5151.; №1926 от 03.06.2016 г. в перечне рецензируемых изданий ВАК РФ
  • Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи «сабз» ва саҳми CASA – 1000 дар рушди ояндаи кишварҳои минтақа // Вестник Таджикского национального университета. – № 2/2 – Д.: -2017. – с. 176-179 – ISSN 2413-5151.; №1926 от 03.06.2016 г. в перечне рецензируемых изданий ВАК РФ
  • Хусусиятҳои табиӣ – ҷуғрофии минтақаҳои кўҳии Тоҷикистон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – № 2/3 – Д.: -2017. – с. 169-172 – ISSN 2413-5151.; №1926 от 03.06.2016 г. в перечне рецензируемых изданий ВАК РФ
  • Методы оценки эколо-экономического состоянии // Вестник ТНУ, с.63-71, -2022
  • Проблемы разработки концепции экологического менеджмента // Вестник Таджикского государственного университета №3(42), -2022
  • Управление процессом разработки и инвестицонной политики развития региона с учетом местной эколого-экономической ситуации // Вестник Славянский университет№2(77), -2022
  • Вопросы интеграции экологии и развития экономики в РТ (Душанбе, 2016);
  • Махмадалиев Б.Н. Устойчивый экономический рост Таджикистана в условиях рыночной экономики. — Душанбе: ҶММ «Олами дониш», 2018. — 169 стр. — ISBN 978-9947-945-1-5;
  • Луғати мухтасари истилоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ (Душанбе, 2018);
  • Асосҳои маркетинг (Душанбе, 2018);
  • Иқтисодиёти саноати кӯҳӣ (Душанбе, 2020);
  • Менеҷменти экологӣ (Бӯстон, 2021);
  • Рушди устувори иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ (Душанбе, 2021);
  • Механизми танзими омили экологӣ дар таъмини рушди устувории иқтисодиёти минтақа (Бӯстон, 2024).

Ҷоизаҳо

вироиш

Аълочии маорифи Тоҷикистон (2005)

Медали “Хидмати шоиста” (2020)

Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2021)

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021)

Аълочии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024)

Рутбаи тахассусии “Мушовири давлатии дараҷаҳои 1 ва 2”

Сазовори медалҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд (2021), 75 солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ 1941-1945 (2019), барои меҳнати софдилона (2010), "30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2023), "15 солагии ҶДММ ШКСТХ" (2024)

Сазовори Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳои ВМ ва ИҶТ, ВС ва ТНҶТ, МИҲД вилояти Суғд, ВКД, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум”, ФДТТ дар ш. Исфара, МИҲД ш. Бӯстон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудовиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Бӯстон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Бӯстон, Раиси Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ДПДТТ ба номи академик С. Осимӣ, Филиали ДТТ дар ш. Исфара, Филиали МД Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд.

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тайин намудани Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ. www.president.tj 12.05.23 санҷида шуд.

  1. Аз корманди мақомоти андоз то ректор. Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ кист?. Pressa.tj (27 ноябри 2020). 18 ноябри 2021 санҷида шуд.
  2. Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ. www.gmit.tj. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон. 18 ноябри 2021 санҷида шуд.