Маҳмадалӣ Ватанзода
Маҳмадалӣ Ватанзода (1 феврали 1962, ноҳияи Фархор) — ҳуқуқшинос. Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мушовири давлатии адлияи дараҷаи якум, Мушовири давлатии хидмати давлатӣ, Судяи дорои тахассуси олӣ.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло | |
Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
аз 17 марти 2020 | |
Таваллуд | 1 феврал 1962 (62 сол) |
Ҳизб | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (аз соли 1991) |
Эътиқод | Ислом |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «За укрепление Содружество» ва медали ҷашнии «20 солагии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ» |
Зиндагинома
вироишМаҳмадалӣ Ватанзода 1 феврали соли 1962 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияташро соли 1985 аз вазифаи нотариуси идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фархор оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои узви суди вилояти Кӯлоб, узви суди вилояти Хатлон, муовини раиси суди вилояти Хатлон, Раиси суди шаҳри Душанбе, муовини якум ва муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашум фаъолият намудааст.
Солҳои 2010—2016 — Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси комиссия доир ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил буд.
Солҳои 2016—2019 ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва аз 4 марти соли 2019 то 6 марти соли 2020 дар вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.[1] Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.[2]
Ҷоизаву медалҳо
вироишБо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «20 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шуда, аз ҷониби Асамбреяи байнипарлумонии ИДМ бо медали «За укрепление Содружество» ва медали ҷашнии «20 солагии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ» қадршиноӣ гардидааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 18 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 марти 2020.
- ↑ Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум(тоҷ.). www.parlament.tj. 18 марти 2020 санҷида шуд.