Маҳмадалӣ Қурбонзода

Маҳмадалӣ Қурбонзода (Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат; зод. 20 феврали 1985, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (2021)[1], профессор.

Маҳмадалӣ Қурбонзода
Таърихи таваллуд 20 феврал 1985(1985-02-20) (39 сол)
Зодгоҳ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ[d] (2021)
Ҷоизаҳо

Зиндагинома вироиш

Маҳмадали Қурбонзода 20 феврали соли 1985 дар ноҳияи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби № 33-и ноҳияи Восеъ соли 2002 ба факултети иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2007 аз рӯи ихтисоси ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит хатм кардааст. Соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руйи ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм кардааст.

Корнома вироиш

Баъди хатми донишгоҳ дар Институти иқтисодиёти кишоварзии Академии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ходими хурди илмӣ (2007), иқтисодчӣ (2007—2008), аспиранти шуъбаи рӯзона ва раиси олимони ҷавони ИИК АИКТ (2008—2012), ходими илмӣ (2011), ходими калони илмӣ (2012) ва мудири шуъбаи омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию-иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2012—2013) ва ҳамзамон солҳои 2011—2012 муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон буд.

Дар солҳои 2013—2014 мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2014—2020 директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, аз феврали 2020 то ноябри 2020 директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ва дар солҳои 2020—2022[2] ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буд.

Маҳмадалӣ Қурбонзода аз 29 январи соли 2024 ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар таъйин шудааст[3].

Вакилӣ вироиш

Маҳмадали Қурбонзода узви ҲХДТ аз соли 2011 ва вакили Маҷлиси вакилони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даъвати шашум ва аз 14 августи соли 2022 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[4].

Таълифот вироиш

Муаллифи беш аз 50 асари илмӣ, аз ҷумла 4 китоби дарсӣ ва 3 монография мебошад.

Ҷоизаҳо вироиш

  • 2014 — ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника
  • 2015 — унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон
  • 2021 — медали «Хидмати шоиста».

Эзоҳ вироиш