Маҳмаднаврӯз Раҳимов

омӯзгори ботаника, номзади илмҳои биология (2016)

Маҳмаднаврӯз Муродович Раҳимов (тав. 22 марти соли 1984, деҳаи Чароғчӣ, Ёвон) — омӯзгори ботаника, номзади илмҳои биология (2016).

Маҳмаднаврӯз Раҳимов
Маҳмаднаврӯз Муродович Раҳимов
Таърихи таваллуд 22 март 1984(1984-03-22) (40 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006)

Зиндагинома

вироиш

Маҳмаднаврӯз Раҳимов хатмкардаи факултаи биология, шуъбаи экологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006). Солҳои 2007-2009 аспиранти Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Солхои 2010-2013 ходими хурди илмӣ ва 2013-2014 ходими илмии озмоишгоҳи генетикаи растании Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИҶТ кор намудааст. Ҳамзамон, аз соли 2007 то соли 2009 аспиранти Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2010-2013 ходими хурди илмӣ ва 2013-2014 ходими илмии озмоишгоҳи генетикаи растании Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИҶТ, соли 2014 иҷрокунандаи мудири кафедраи геоэкологияи факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи августи соли 2015 то имрӯз дар вазифаи мудири кафедраи геоэкологияи факултети геогграфияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бар дӯш дорад. Рисолаи илмиро дар мавзуи «Нишондиҳандаҳои физиологию биохимиявии генотипҳои гандум вобаста аз минтақаи табию иқлимии парвариш» дифоъ намудааст (2016). Дорандаи Ҷоизаи дипломи олими ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017) ва ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2018).

  • Баҳодиҳии сифати дони хӯшадорон (биокимёвӣ ва технологӣ). Д., 2010;
  • Экологияи умумӣ (дастури таълимӣ). Д., 2019;
  • Физиолого-биохимических показателей пшеници в разних экологоческих условиях. Д., 2019;
  • Баҳодиҳиии биокимёвӣ ва технологӣ ва сифати дони хӯшадорон (бо забони русӣ ва тоҷикӣ), дастури таълимӣ оиди корҳои лабораторӣ ва таҷрибавӣ барои донишҷӯён. Д., 2020,
  • Мониторинги экологӣ (дастури таълимӣ). Д, 2021.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ