Маҳмадсафар Муродов
Маҳмадсафар Муродов (Муродов Маҳмадсафар Исматович; 25 феврали 1958, деҳаи Гулобод, ноҳияи Восеъ — 1 ноябри 2024, ҳамон ҷо) — овозхон ва фалаксарои тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2009)[1].
Таърихи таваллуд | 25 феврал 1958 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 1 ноябр 2024 (66 сол) |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Восеъ |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон, оҳангсоз |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2009) |
Зиндагинома
вироишСоли 1977 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленинро ба поин оварда, солҳои 1977—1979 роҳбари бадеии Хонаи маданияти деҳкадаи Меҳнатобод, 1979—1992 овозхони ансамбли тарона ва рақси «Чашма»-и хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Восеъ, 1992—2002 корманди шӯъбаи фарҳанг ва ҳамзамон муаллими Мактаби мусиқии ҳамин ноҳия, аз соли 2012 то охири умр коргардони ансамбли этнографии назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд.
Аз беҳтарин фалакхонҳост, баробари камолоти овоз дарду ноларо хуб эҳсос мекунаду бо ҷигари решу сӯхта ва самимияти баланд қариб бист навъи онро иҷро менамояд, ҳангоми хониш бештар дутору найро ба кор мебарад. Баробари рубоиёти халқӣ як силсила таронаҳоро чун «Меҳру вафо», «Дардманди ишқ», «Ба сайри гул наомад», «Фарзанди замин», «Даргоҳи умед», «Рӯзгор», «Ҳамдами ҷон», «Хомӯш намешавад», «Дилрабо» ба савғо овардааст.
Ба истеъдоди фалакхониаш дар Афғонистон, Эрон, Покистон, Чин, Ироқ, Миср, Туркия, бисёр давлатҳои Аврупо аз зарби эҳсос каф кӯфтаанд. Дар Консерваторияи Швейтсария се соат фалакхониашро сабт карда, филмсозони Туркманистон дар борааш филми мустанад ба навор бардоштаанд[2].
Даргузашт
вироишМаҳмадсафар Муродов 1 ноябри 2024 дар синни 66-солагӣ дар ноҳияи Восеъ даргузашт ва ӯро дар мазори деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ дафн кардаанд[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Зиёда аз 150 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (7 сентябри 2009). 17 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ Маҳмудҷон Раҳматзода. Даргузашти фалаксарои шинохта Маҳмадсафар Муродов(тоҷ.), Радиои Озодӣ (1 ноябри 2024). Проверено 27 ноябри 2024.