Маҳмадтоир Зокирзода

Маҳмадтоир Зоир Зокирзода (зод. 5 июл 1956, ноҳияи Рашт, НТҶ) — ходими давлатӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳмадтоир Зокирзода
Зокирзода Маҳмадтоир Зоир
аз 17 марти 2020
Пешгузашта Шукурҷон Зуҳуров
Таваллуд 5 июл 1956(1956-07-05) (68 сол)
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Эътиқод Ислом
Ҷоизаҳо медали "Хидмати шоиста", медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Зиндагинома

вироиш

Зокирзода Маҳмадтоир 5 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Селиноградро аз рӯи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Соли 1985 корро аз муҳандис-заминсози Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои муҳандиси пешбар, сардори гурӯҳи назоратии шуъбаи техникӣ, сармуҳандиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем», сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатӣ ва хӯроквории Мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи хоҷагии қишлоқ, шуъбаи комплекси агросаноатии Мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиккоинот», Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст.

  • Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
  • Солҳои 2015—2016 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст.
  • Аз соли 2016 то соли 2020 дар мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.[1]

17 марти соли 2020 Маҳмадтоҳир Зоир Зокирзода дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.[2]

Ҷоизаву медалҳо

вироиш
  • медали «Хидмати шоиста»
  • медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[1]