Маҳмудбек Шойимқулов

Маҳмудбек Шойимқулов (тав. 15.05.1953) шаҳри Хуҷанд , вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои физика-математика (1983), дотсент

Маҳмудбек Шойимқулов
Маҳмудбек Шойимқулов
Таърихи таваллуд 15 май 1953(1953-05-15) (71 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ математика
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Маҳмудбек Шойимқулов соли 1975 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро бо ихтисоси омӯзгори математика хатм кардааст.

  • Солҳои 1975-1979 – Ассистенти кафедраи геометрияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
  • Солҳои 1979-1981 – Муҳаққиқ-коромўзи Донишкадаи омўзгории давлатии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко
  • Солҳои 1981-1984 – Аспиранти ДОДД ба номи Т.Г. Шевченко
  • Солҳои 1985-1991 – Омўзгори кафедраи геометрияи ДОДД ба номи Т.Г. Шевченко
  • Солҳои 1991-1993 – Сармуаллими кафедраи геометрияи ДОДД ба номи Т.Г. Шеченко
  • Солҳои 1993-1997 – Дотсенти кафедраи геометрия, муовини декани факултети математика оид ба корҳои тарбияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи К.Ҷўраев
  • Солҳои 1997-2002 – И.в. декани факултети муҳандисӣ-иқтисодии Донишгоҳи технологии шаҳри Ўши Ҷумҳурии Қирғизистон
  • Солҳои 2003-2006 – Мудири кафедраи фанҳои умумӣ ва махсуси Донишгоҳи давлатии Ўши Ҷумҳурии Қирғизистон
  • Аз соли 2008 – то ҳол – Дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон[1]