Маҳмуди Чалабӣ
Маҳмуд ибни Муҳаммади Чалабӣ (форсӣ: محمود بن محمد قاضیزاده رومی; асри XV, Самарқанд — 1525 ё 1524, Адирна) — риёзидон ва ахтаршиноси форс-тоҷик, набера ва шогирди Қозизодаи Румӣ.
Таърихи таваллуд | асри XV |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1525 ё 1524 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Зиндагинома
вироишБаъд аз таназзули мактаби илмии Самарқанду монанди Алоуддини Қушчӣ ва диг. ба Туркия меравад ва дар он ҷо анъанаҳои олимони Самарқандро давом медиҳад. Аз Маҳмуди Чалабӣ осори гаронбаҳое боқӣ мондааст. Аз асарҳои ӯ «Дастуру-л-амал фӣ тасҳеҳи-л-ҷадвал» (Шарҳ ва ҷадвалҳои расадхонаи Самарқанд), ки ба забони тоҷикӣ навишта шудааст, дар китобхонаҳои Европа, аз ҷумла дар Париж (№ 171) ва Истамбул (№ 2697), «Шарҳу рисолату-л-фатҳия» (Шарҳ ба рисолаи астрономии Алоуддини Қушчӣ «Рисолаи Фатҳия») дар китобхонаи Париж маҳфуз мебошанд. Як қатор асарҳои Маҳмуди Чалабӣ ба масъалаҳои муайян кардани самти Қибла оиданд. Мукаммалтарини онҳо «Рисола фӣ таҳқиқ самти-л-қибла» мебошад, ки дар китобхонаи Истамбул маҳфуз аст. Маҳмуди Чалабӣ дар риёзиёт ба ҳисоб кардани қимати функцияҳои тригонометрии кунҷҳо машғул шуда, қимати sin 1°-ро бо усули нав ҳисоб кард (то Маҳмуди Чалабӣ Алоуддини Қушчӣ қимати sin Г-ро ҳисоб карда буд), ки дар «Рисолату-л-ҷайби-л-номма» («Рисола дар бораи синусҳо») оварда шудааст. Рисолаи дигари Маҳмуди Чалабӣ, ки «Рисола фӣ-рубъи-л-муканта рот» («Рисола дар бораи чоряки муқантарот») ном дорад, аз ҳисобу китоби камонҳои кураи осмон баҳс мекунад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Маҳмуди Чалабӣ / А.Қурбонов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).