Маҳмуд ибни Шайх Алӣ ибни Имомуддини Ғиждувонӣ (зод. асри XVI, Ғиждувон) — таърихнигор ва сайёҳи форс-тоҷик, шогирди Шайх Камолуддин Ҳусайни Xоразмӣ, муаллифи «Мифтоҳу-т-толибин».

Маҳмуди Ғиждувонӣ
Таърихи таваллуд асри XVI
Зодгоҳ
Пеша муаррих

Зиндагинома

вироиш

Маҳмуди Ғиждувонӣ ҳамроҳи устодонаш Шайх Камолуддин Ҳусайни Xоразмӣ ва Шайх Ҳоҷимуҳаммади Хабушонӣ ба шаҳрҳои Осиёи Миёнаву Эрон сафар кардааст. Соли 1543 дар асоси хотироти худ асари «Мифтоҳу-т-толибин» («Калиди толибилмон»)-ро навишт. Фаслҳои алоҳидаи асар ба воқеаву ҳодисаҳои таърихие, ки дар Хоразм, Бухоро, Са­марқанд, Машҳад, Марв, Ҳирот ва Нисо ба вуқӯъ омадаанд, бахшида шудаанд. Маҳмуди Ғиждувонӣ инчунин роҷеъ ба урфу одат, тарзи зиндагӣ, савдо, табиат, шаклҳои заминдории халқҳои Осиёи Миёна маълумоти пурарзиш медиҳад. Шоири узбек Огаҳӣ (а. 19) ин асарро аз забони тоҷикӣ ба узбекӣ тарҷума кардааст. Нусхаи ягонаи тарҷумаи асар дар захираи дастнависҳои АИ Ҷумҳурии Узбекистон, таҳти рақами 8473 маҳфуз аст.

Адабиёт

вироиш
  • Маҳмуди Ғиждувонӣ / А. Мирбобоев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).