Маҳмуд Исмоилов
Маҳмуд Исмоилов - (Тав. 22 марти 1927, Самарқанд — 10 июли 2010), омӯзгор, олим, доктори илмҳои биологӣ (1976), профессор (1980). Узви вобастаи АИ ҶТ (1981). Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1987). “Аълочии маорифи Тоҷикистон”. Дорандаи Ҷоизаи Институти биографияи ИМА “Инсони соли 2003”.
Маҳмуд Исмоилов | |
Таърихи таваллуд | 22 март 1927 |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 10 июл 2010 (83 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Боғи ботаникии Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, Институти ҷангали ЛХПО «Тоҷикҷангал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Самарқанд |
Ҷоизаҳо | медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», медали фахрии Институти биографияи ИМА (2004), Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали байналмилалии “Озодӣ” (2006). |
Зиндагинома
вироишФакултети геологияю географияи УДС (ҳоло – Донишгоҳи давлатии Самарқанд) ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1949), муаллим, директори мактаби миёнаи русӣ ва ӯзбекии ш. Самарқанд, мудири интернати н. Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон (1949-1952). Соли 1952 ба шаҳри Душанбе омадааст. Аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, таҳти роҳбарии академик П.Н.Овчинников рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст (1954). Ходими хурд ва калони илмӣ (1955-1960), директори Боғи ботаникии Душанбеи Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1960-1967). Мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(1967-1993). Директори Институти ботаникаи АИ ҶТ (1993-1998). Сарходими илмии Институти ҷангали ЛХПО «Тоҷикҷангал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998-2008).
Мероси илмӣ
вироишМуаллифи 10 китоб ва зиёда аз 220 мақолаи илмии соҳаи биология, экология, дендрология, фитосенология, иҷтимоию сиёсӣ. Ба рисолаҳои номзадӣ ва доктории зиёда аз 20 нафар увонҷуён роҳбарӣ намудааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат»,
- Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон,
- Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- медали фахрии Институти биографияи ИМА (2004),
- медали байналмилалии “Озодӣ” (2006)
- Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
Сарчашма
вироиш- Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 3. – Душанбе, 1981. – С. 31-32
- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. – 216 с.