Маҷди Ҳамгар
Маҷди Ҳамгар (форсӣ: مجد همگر; 1210, Шероз — 1287[1]) — шоири ғазалсарои форс-тоҷик, муосир бо Саъдии Шерозӣ.
форсӣ: مجد همگر | |
Номи пурра | Хоҷа Маҷдуддин Ҳуббуллоҳ бинни Аҳмад бини Юсуф |
Таърихи таваллуд: | 1210 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1287[1] |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишХоҷа Маҷдуддин Ҳуббуллоҳ бинни Аҳмад бини Юсуф Ҳамгар машҳур ба ибни Ҳумгари Шерозӣ ва Маҷди Ҳумгари Шерозӣ (607—686 қамарӣ) аз шоирони карни ҳафтуми ҳиҷрӣ аст. Девони мансуб ба Маҷди Ҳумгар дар ҳудуди се ҳазор байт дар қолабҳои қасида , ғазал,қитъа, рубоӣ ва маснавӣ дорад. Девони ӯ чоп шудаву ҳовии матолиби арзишманде дар боби масоили адабӣ ва иҷтимоии қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ аст . Маҷд дар насри форсӣ низ тавоно буд. Чунончи Бадри Ҷочармӣ ӯро муншии калом номид. Вай дар нимаҳои соли 607 дар Язд зода шу два дар назди Абдуллоҳ Хушайбӣ шеър ва иншову хушнависӣ омухт. Пас аз он аз Язд ба Шероз рафт ва ба хидмат подшоҳони Салғарӣ расид. Дар форс Ибни Ҳумгар Абубакр бинни Саъд ва Саъд бинни Абубакр ва Муҳаммад бинн Саъдро мадҳ кард ва дар назди ин подшохон рутбаи маликушшуъароӣ ёфт. Атобак Абубакр ӯро ба зиндон андохт ва пас аз муддате асорат ба шафоат Фахруддин Абубакр вазри Атобак раҳоӣ ёфт. Пас аз ҳамлаи қавми муғул ва тотор Маҷди Ҳумгар ба Исфаҳон рафт ва дар соли 686 дар Исфаҳон вафот кард.(https://fa.wikipedia.org/wiki/).
Намунаи осор
вироиш- Дарди ту зи дил ба доғи ҳиҷрон наравад,
- Нақши ту зи пеши чашм осон наравад.
- То дил бошад меҳри ту дар дил бошад,
- То ҷон наравад меҳри ту аз ҷон наравад.
- Аз соддагиву салимиву мискинӣ
- В-аз саркашиву такаббуру худбинӣ.
- Бар оташ агар нишониям бншинам,
- Бар дида агар нишонамат наншинӣ.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Record #73765606 // VIAF(бис.) — [Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
Адабиёт
вироиш- Маҷди Ҳамгар // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).